Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 14 Апреля 2014 в 15:31, курсовая работа

Краткое описание

Муҳимияти идоракунии захираҳои молиявии корхонаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳолати молиявии он бархурдор гардида, бевосита барои беҳтар гардонидани сатҳи фаъолияти корхонаҳо истифода бурда мешавад. Ҳангоми идоракунии захираҳои молиявии корхона ба самти мувофиқ равона кардани захираҳо аён гашта, барои тараққӣ додани раванди фаъолият пешбинӣ карда мешавад.

Содержание

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА»
Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти молиявии корхона…………………………………………………………
Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ ва сармояи худӣ………….....
Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои бозоргирӣ……………………….
Таҳлили нишондиҳандаҳои даромаднокӣ……………………………
Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои гирдгардиш……………………..
Самараи фишанги молиявӣ…………………………………………….
Ҳисобу китоб ва баҳогузории сатҳи фишанги амалиётӣ…………..
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА
2.1 Сармояи софи гардон ва талаботҳои молиявии ҷорӣ ………………
2.2 Идоракунии воситаҳои пулӣ…………………………………………….
2.3 Таҳлил ва идоракунии қарздории дебиторӣ……………………….....
2.4 Идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхона……...
ХУЛОСА………………………………………………………………………....
РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА………………………….
ЗАМИМА...............................................................................................................

Прикрепленные файлы: 1 файл

bonil-Курсовая.docx

— 1.55 Мб (Скачать документ)

 

 

Чӣ хеле, ки аз натиҷаҳои дар асоси ҳисоби нишондиҳандаҳои фаъолнокии корхона маълум гардид, дар соли ҳисоботии 2011 нисбат ба соли 2010 сатҳи ҳамаи нишондиҳандаҳо ба миқдори муайян кам гардидаанд. Аз ин ҳолат хулоса баровардан мумкин аст, ки корхона дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 ба ҳолати молиявии  паст дучор гардидааст. 

Аксарияти нишондиҳандаҳо ба дараҷаи паст расида аз хавфи муфлисшавӣ шаҳодат медиҳанд.

 

 

 

 

 

 

    1.  Самараи фишанги молиявӣ

Ҳар як корхона дар раванди фаъолияти худ дар баробари истифодаи воистаҳои худӣ, боз ба истифодаи воситаҳои қарзӣ эҳтиёҷ дорад. Истифодабарии воситаҳои қарзӣ дар корхона бо сарфи муайян, баъзан бо сарфи бисёр вобаста аст.

Истифодаи самараноки воситаҳои худӣ ва қарзӣ барои маблағгузории дарозмуддати корхона бо воситаи левериҷи молиявӣ, яъне фишанги молиявӣ муайян карда мешавад.

Фишанги молиявӣ – ин муносибат байни даромаднокии сармояи субъекти хоҷагидорӣ ва ҳаҷми қарздории кредиторӣ ба ҳисоб меравад.

Баҳодиҳии фишанги молиявӣ – ин муайянкунии таносуби сармояи худӣ ва қарзӣ бо ҳисоби меъёри андоз, ҳамчунин фоида ва даромаднокии умумии дороиҳо мебошад. Баҳодиҳии фишанги молиявӣ имконият медиҳад, ки таносуби мувофиқ байни сармояи худӣ ва сармояи ҷалбкардашуда муайян карда шавад.

Сатҳи фишанги молиявӣ мутаносиби роста ба дараҷаи хавфи молиявии корхона ва талаботи саҳмдорон ба меъёри фоида мебошад. Чӣ қадаре, ки суммаи фоиз  барои пардохт баланд бошад, ҳамин қадар фоидаи соф кам мешавад. Аз ин бармеояд, ки чӣ қадаре, ки сатҳи фишанги молиявӣ зиёд бошад, ҳамин қадар хавфи молиявии корхона баланд аст. /2,саҳ.81/

Корхонае, ки ҳиссаи сармояи қарзиаш зиёд аст, сатҳи фишанги молявии баланд дорад. Чунин корхонаро корхонаи аз молия вобаста меноманд. Корхонае, ки фаъолияти худро аз ҳисоби сармояи худӣ маблағгузорӣ менамояд, корхонаи аз молия новобаста меноманд.

Хавфи молиявӣ – ин хавфест, ки дар ҳолати норасоии маблағ барои пардохти фоиз барои қарз ва заёмҳои дарозмуддат ба амал меояд. /2,саҳ.82/

Барои баҳодиҳии фишанги молиявӣ формулаи самараи фишанги молиявӣ истифода бурда мешавад, ки чунин намудро дорад:

ЭФР = (1-Т)*(ЭР – СРСП)*ЗС/СС  (1.14)

Агар элементҳои ин формуларо шарҳ диҳем,он гоҳ чунин мешавад:

  • ЭФР (СФМ) – самараи фишанги молиявӣ, ки афзоиши нишондиҳандаи даромаднокии сармояи худиро дар бар мегирад, (%).
  • Т – меъёри андоз аз фоида;
  • ЭР – нишондиҳандаи даромаднокии умуми дороиҳо (муносибати фоидаи умумӣ ба арзиши миёнаи дороиҳо,%)
  • СРСП- андозаи миёнаи  фоизи қарзӣ, ки аз тарафи корхона барои сармояи қарзӣ пардохт шудааст;
  • ЗС – суммаи миёнаи  сармояи қарзии корхона;
  • СС – суммаи миёнаи сармояи худии корхона. /2,саҳ.82/

Самараи фишанги молиявӣ – ин афзоиши даромаднокии воситаҳои худӣ, ки аз истифодаи қарз ба даст омадааст.

Аз ин муодила бармеояд, ки чӣ қадаре, ки вазни қиёсии умумии воситаҳои қарзе, ки барои сармояи корхона истифода бурда шудааст, зиёд бошад, ҳамин қадар сатҳи фоида барои сармояи худӣ зиёд мебошад.

Самараи фишанги молиявиро дар асоси ҳисоботи ҶДММ “Ромашка” муайян менамоем:

Ҷадвали 1.8

Ҳисоби самараи фишанги молиявӣ

Солҳо

Самараи фишанги молиявӣ

1

Соли 2010

(2,45)

2

Соли 2011

(0,4)


 

 

Натиҷаи дар ҷадвали 1.8 ҳосил гардида дар асоси ҳисобҳои зерин ҳосил гардидаанд:

  • Соли 2010:

1.

2.

3.

4.

  • Соли 2011:

1.

2.

3.

4.

Аз натиҷаҳои ҳисоби самараи фишанги молиявӣ маълум гардид, ки корхона воситаҳои қарзии зиёд дошта, имконияти рӯйпӯши қарзиро надорад, азбаски самараи фишанги молиявӣ нишондиҳандаи пастро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

    1.  Ҳисобу китоб ва баҳогузории сатҳи фишанги амалиётӣ

Фаъолияти истеҳсолии корхона бо хароҷотҳои гуногун ва нисбатан аҳамиятнок амалӣ гардонида мешавад./1,саҳ.38/

Элементҳои асосии арзиши аслии маҳсулот хароҷотҳои доимӣ ва тағйирёбанда ба ҳисоб мераванд, ки тағйирёбии сохтори арзиши аслӣ асосан  ба ҳаҷми фоида таъсир расонида метавонад. Хароҷотҳои тағйирёбанда, аз ҳисоби ҳаҷми мутаносибии истеҳсолот кам ва ё зиёд мегарданд, яъне аз ҳаҷми маҳсулот вобастагӣ дорад. Ба чунин намуди хароҷотҳо, хароҷотҳо барои хариди ашёи хом ва масолеҳ, хариди қувваи барқ, хароҷоти нақлиётӣ ва дигар хароҷотҳо дохил мешаванд. Хароҷотҳои доимӣ аз ҳаҷми истеҳсолот вобаста набуда, ҳамчун хароҷотҳои ҳисоби амортизатсионӣ, фоизи қарзӣ, пардохти иҷоравӣ, хароҷотҳои маъмурӣ ва дигар хароҷотҳо шинохта мешаванд. /4,саҳ.182/

Таснифи хароҷотҳо ба хароҷотҳои доимӣ ва тағйирёбанда имконият медихад, ки нисбатан аз камшавии ин ё он хароҷотҳо фоида афзоиш ёбад. Ҳамчунин таснифи хароҷотҳо барои таҳлили амалиётӣ низ аҳамияти бузург дорад.

Яке аз усулҳои самараноктарини таҳлили молиявӣ, ки бо мақсади банақшагирии фаврӣ ва стратегӣ тартиб дода мешавад – ин таҳлили амалиётӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳлили амалиётӣ – ин қисми ҷудонашавандаи баҳисобгирии идоракунӣ мебошад. Нисбати таҳлили молиявии беруна, натиҷаҳои таҳлили амалиётӣ, яъне таҳлили дохилӣ, сирри тиҷоратиро ташкил медиҳад. /4,саҳ.183/

Мавқеи муҳими таҳлили амалиётиро фишанги амалиётӣ, ҳадди даромаднокӣ ва захираи устувори молиявии корхона ташкил медиҳанд. Фишанги амалиётӣ бо робитаи мутақобилаи байни даромади муташаккили ташкилоти тиҷоратӣ, фоида то ҳисоби фоиз ва хароҷотҳои истеҳсолӣ муайян карда мешавад. /2,саҳ.93/

Амали фишанги амалиётӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҳамаи тағйироти даромад аз фурӯш  фоидаро ба дигаргуншавии куллӣ оварда мерасонад.

Дар ҳисобҳои амалӣ барои муайян сохтани қувваи таъсири фишанги амалиётӣ маржаи умумро бар фоида ҳисоб менамоянд.

Маржаи умумӣ бо худ фарқи байни даромад аз фурӯш ва хароҷотҳои тағйирёбандаро дорад. Самараноктар мешавад, агар маржаи умумӣ на танҳо барои рӯйпӯши хароҷотҳои доимӣ, балки  барои ташаккули фоида низ расад. Ҳамчунин қувваи таъсири фишанги молиявӣ бо воситаи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад /4,саҳ.191/ :

 

Дар ин ҷо:

  • СВОР – қувваи таъсири фишанги амалиётӣ;
  • ВМ – маржаи умумӣ;
  • П – фоида.

Дар асоси формулаи мазкур, истифода аз нишондиҳандаҳои ҳисоботи ҶДММ “Ромашка” қувваи таъсири фишанги амалиётиро барои ин корхона муайян мекунем:

Ҷадвали 1.9

Ҳисоби қувваи таъсири фишанги амалиётӣ

Солҳо

Қувваи таъсири фишианги амалиётӣ

1

Соли 2010

  ҚТФА(СВОР) = 650/57 = 11,4

2

Соли 2011

ҚТФА(СВОР) = 384/57 = 6,7


 

Ин натиҷаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки корхона дар соли 2010 11,4 % ва дар соли 2011 6,7 %-и фоидаи софро аз ҳисоби даромади маржионалӣ ба даст овардааст.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА

    1. Сармояи софи гардон ва талаботҳои молиявии ҷорӣ

Дар раванди истифодабарии маблағгузорӣ, яъне дар раванди фаъолияти ҷорӣ корхона талаботи кӯтоҳмуддати воситаҳои пулиро барои хариди ашёи хом, ташкили захираҳо барои пардохти сӯзишворӣ пайдо мекунад. /1, саҳ.49/

Дороиҳои корхона ба дориҳои асосӣ ва гардон ҷудо мешавад. Ба дороиҳои асосӣ дороиҳои доимӣ – замин, таҷҳизот, иншоот, дороиҳои ғайримоддӣ ва дигар воситаҳои асосӣ ва сармоягузорӣ дохил мешавад. Ба дороиҳои гардон бошад, ҳамаи дороиҳои боқимонда дохил мешавад.

Дар навбати худ дороиҳои гардон вобаста аз бозоргириашон ба намудҳои зерин: сустамалишаванда – захираҳои маҳсулоти тайёр, ашёи хом, масолеҳ;  тезамалишаванда – қарздории дебиторӣ, воситаҳои пулии депозитӣ; ва бештар бозоргир – воситаҳои пулӣ ва қоғазҳои қимматноки кӯтоҳмуддат тақсим мешаванд.

Пассивҳои корхона ба худӣ ва қарзӣ тақсим мешавад. Воситаҳои худӣ, қарзҳои дарозмуддат ва заёмҳо пассивҳои доимиро ташкил медиҳанд. Қарзҳои кӯтоҳмуддат ва заёмҳо, қарздории кредиторӣ ва қарзҳое, ки пардохти онҳо ба соли ҳисобобтӣ рост меояд, пассивҳои кӯтоҳмуддат, яьне пассивҳои ҷориро ташкил медиҳанд.

Фарқи байни дороиҳои ҷорӣ ва пассивҳои ҷорӣ сармояи софи гардони корхонаро ташкил медиҳад, ки он бо чунин формула ифода мегардад:

ЧОК = Та – Тп   (2.1)

Аз ин ҷо бармеояд, ки :

  • ЧОК – сармояи софи гардон;
  • Та – дороиҳои ҷорӣ;
  • Тп – пассивҳои ҷорӣ.

Инро боз бо мафҳуми дигар воситаҳои худии гардон низ меноманд (СОС – собственный оборотный средства). Бо ин усули ҳисоб бузургии дороиҳои гардони корхонаро муайян мекунанд.

Дар ҳолати норасоии қарздории кредиторӣ, қарзи кӯтоҳмуддатро ба ҳисоб мегиранд.

Талаботи ҷории молиявӣ (ТФН – текущие финансовые потребности) – ин фарқи  байни дороиҳои гардон (ғайр аз воситаҳои пулӣ) ва қарздории кредиторӣ мебошад. Ин мафҳум бо воситаи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад: /4, саҳ.307/

ТФН = Захираҳои ашёи хом ва маҳсулоти тайёр +                                                  Қарздории дебиторӣ - Қарздории кредиторӣ  (2.2)

Корхона вобаста аз соҳаи худ, талаботи гуногунро дар дороиҳои ҷорӣ барои нигоҳ доштани ҳаҷми фурӯш ва муайян сохтани бузургӣ ва сохтори сарчашмаи молиягузории дороиҳои ҷорӣ дорад.

Ду намуди сиёсати идоракунии дороиҳои гардон мавҷуд аст:

  • Сиёсати агрессивӣ;
  • Сиёсати консервативӣ.

Аломати асосии сиёсати агрессивии идораи дороиҳои ҷории  корхона дар он зоҳир мегардад, ки корхона барои зиёд гардонидани дороиҳои ҷорӣ  ягон маҳдудият намемонад, ҳаҷми муайяни воситаҳои пулиро нигоҳ медорад, ҳаҷми муайяни захираҳои ашёи хомро дорад, ҳаҷми қарздории дебиториро зиёд гардонад, дар ин ҳолат вазни қиёсии ҳамаи дороиҳои ҷорӣ баланд гардида, давраи гирдгардиши воситаҳои гардон дароз мешавад.

Агар корхона дар ҳама ҳолат афзоиши дороиҳои ҷориро нигоҳ дорад, ба минималӣ гардонидани вазни қиёсии дороиҳои гардони ҷорӣ  бо суммаи умумии ҳамаи дороиҳо ҳаракат намояд, он гоҳ вазни қиёсии тамоми дороиҳои ҷории корхона паст мешавад ва давараи гирдгардиши воситаҳои гардон кӯтоҳ мешавад, ки ин ҳолат аз сиёсати консервативии идораи дороиҳои гардони корхона шаҳодат медиҳад. /1,саҳ.50/

Истифода аз формулаҳои дар боло шарҳ дода, сармояи софи гардони корхонаро ҳисоб менамоем, ки дар асоси нишондиҳандаҳои ҳисоботҳои ҶДММ «Ромашка» тартиб дода мешавад.

Ҷадвали 2.1

Дороиҳо ва пассивҳои ҷорӣ барои соли 2010

Дороиҳои ҷорӣ

Воҳиди пулӣ (ҳаз.сом)

Пассивҳои ҷорӣ

Воҳиди пулӣ (ҳаз.сом)

Захираҳо

1 800 750

Воситаҳои қарзӣ

4 565 000

Қарздории дебиторӣ

1 718 507

Қарздории кредиторӣ

1 480 000

Воситаҳои пулӣ ва эквиваленти пулӣ

1 070 734

Ӯҳдадориҳои баҳододашуда

-

Андоз ба арзиши мловашуда

533 000

   

Маблағгузории молиявӣ

-

   

Дигар дороиҳои гардон

843 096

   

Ҳамагӣ

5 966 087

Ҳамагӣ

6 045 000


 

 

ЧОК (ССГ) = Дороиҳои ҷорӣ – Пассивҳои ҷорӣ = 5966087– 6 045000 = -78 913;

Чӣ тавре, ки аз натиҷаи ҳисоби сармояи софи гардон маълум гардид, соли 2010 дороиҳои ҷорӣ аз пассивҳои ҷорӣ дар ҳаҷми 78 913 ҳаз.сомонӣ кам гардидааст.

Сабаби кам гардидани дороиҳои ҷорӣ аз пассивҳои ҷорӣ ин вуҷуд доштани ҳаҷми зиёди воситаҳои қарзӣ дар корхона мебошад.

Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки корхона воситаҳои худи гардонро надорад ва пардохтпазир ба ҳисоб намеравад. Аз ин бар меояд, ки корхона хавфи муфлисшавӣ дорад.

Ҷадвали 2.2

Дороиҳо ва пассивҳои ҷорӣ барои соли 2011

Дороиҳои ҷорӣ

Воҳиди пулӣ (ҳаз.сом)

Пассивҳои ҷорӣ

Воҳиди пулӣ (ҳаз.сом)

Захираҳо

1 900 850

Воситаҳои қарзӣ

2 588 000

Қарздории дебиторӣ

2 111 500

Қарздории кредиторӣ

4 586 500

Воситаҳои пулӣ ва эквиваленти пулӣ

1 525 920

Ӯҳдадориҳои баҳододашуда

4 500

Андоз ба арзиши мловашуда

500 000

   

Маблағгузории молиявӣ

50 000

   

Дигар дороиҳои гардон

935 049

   

Ҳамагӣ

7 023 319

Ҳамагӣ

7 179 000

Информация о работе Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”