Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 14 Апреля 2014 в 15:31, курсовая работа

Краткое описание

Муҳимияти идоракунии захираҳои молиявии корхонаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳолати молиявии он бархурдор гардида, бевосита барои беҳтар гардонидани сатҳи фаъолияти корхонаҳо истифода бурда мешавад. Ҳангоми идоракунии захираҳои молиявии корхона ба самти мувофиқ равона кардани захираҳо аён гашта, барои тараққӣ додани раванди фаъолият пешбинӣ карда мешавад.

Содержание

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА»
Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти молиявии корхона…………………………………………………………
Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ ва сармояи худӣ………….....
Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои бозоргирӣ……………………….
Таҳлили нишондиҳандаҳои даромаднокӣ……………………………
Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои гирдгардиш……………………..
Самараи фишанги молиявӣ…………………………………………….
Ҳисобу китоб ва баҳогузории сатҳи фишанги амалиётӣ…………..
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА
2.1 Сармояи софи гардон ва талаботҳои молиявии ҷорӣ ………………
2.2 Идоракунии воситаҳои пулӣ…………………………………………….
2.3 Таҳлил ва идоракунии қарздории дебиторӣ……………………….....
2.4 Идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхона……...
ХУЛОСА………………………………………………………………………....
РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА………………………….
ЗАМИМА...............................................................................................................

Прикрепленные файлы: 1 файл

bonil-Курсовая.docx

— 1.55 Мб (Скачать документ)

 

 

Чӣ тавре, ки аз таҳлили амудии қисми пассивии  корхона, яъне ҶДММ «Ромашка» маълум гардид, ки дар ҷадвали 1.4 оварда шудааст, нишондиҳандаҳои  бештари он афзудааст ва танҳо ду нишондод, ки ин ҳам воститаҳои қарзӣ ва фоидаи тақсимнашуда мебошад, нисбати ҳаҷми умумии пассивҳо кам гардидааст, ки ин нишондод барои фаъолияти корхона хавфнок аст.

Натиҷаҳои таҳлили амудии қисми пассивии корхона нишон дод, ки дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 сармояи оинномавӣ тағйир наёфтааст.

Фоидаи тақсимнашуда бошад, дар навбати худ нисбат ба ҳаҷми умумии пассивҳо 0,82% кам гардидааст.

Воситаҳои қарзӣ дар ҳаҷми бузург кам гардидааст, ки ба таври амиқ 35,21%-ро ташкил медиҳад. Дар ин навбат қарздории кредиторӣ ба ҳаҷми 35,95% афзудааст, ки 57,97% дар соли 2011 ва 22,02% дар соли 2010 ташкил медиҳад.

Тағйирёбии қисми пассивии тавозун дар расми 1.4 тасвир гардидааст:

Расми 1.4 Диаграммаи фарқи вазни қиёсии солҳои 2010 ва 2011

 

Аз таҳлили тавозуни корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Ромашка» ба хулосае омадам, ки корхона дар сатҳи пасти молиявӣ қарор дорад. Зеро аксарияти нишондиҳандаҳо, чӣ хеле, ки таҳлил нишон дод дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 рӯ ба камшавӣ ниҳодааст. Яке аз нишондиҳандаҳо – қарздории кредиторӣ дар ҳаҷми 35,95% афзудааст, ки ин нишондиҳанда ӯҳдадории корзонаро баланд менамояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

    1.  Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои бозоргирӣ

Дар менеҷменти молия коэффисиентҳои асосӣ барои таҳлил ва муқоисаи сатҳи молиявии корхонаҳо, гурӯҳи коэффисиентҳои зерин истифода бурда мешаванд:

  1. Коэффисиенти бозоргирӣ;
  2. Коэффисиенти даромаднокӣ;
  3. Коэффисиенти пардохтпазирӣ;
  4. Коэффисиенти активнокии бозорӣ.

Дар навбати худ коэффисиенти бозоргирӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад, ки барои менеҷери молия муҳим аст:

  • коэффисиенти бозоргирии ҷорӣ;
  • коэффисиенти бозоргирии мӯҳлатнок;
  • коэффисиенти бозоргирии мутлақ;
  • сармояи софи гардон  (ЧОК).

1.Коэффисиенти бозоргирии ҷорӣ – ҳамчун тақсими дороиҳои гардон бар ӯҳдадории кӯтоҳмуддат ҳисоб карда мешавад. Натиҷаи коэффисиенти мазкур кифоягӣ ва ё норасоии дороиҳои гардонро барои рӯйпӯш намудани ӯҳдадории кӯтоҳмуддат нишон медиҳад. Мувофиқи стандартҳои байналхалқӣ коэффисиенти бозоргирии ҷорӣ бояд дар фосилаи аз 1 то 2 маротиба ҷой дошта бошад, ки ин натиҷа аз пардохтпазирӣ маълумот медиҳад, ки аз рӯи чунин формула ҳисоб карда мешавд:

 

2.Коэффисиенти бозоргирии мӯҳлатнок – ин муносибати бозоргирии дороиҳои гардон, маблағгузориҳои молиявии кӯтоҳмуддат ва қарздории дебиторӣ бар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат мебошад, ки нишондиҳандааш бояд аз 1зиёд бошад. Коэффисиенти мазкур аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

 

3.Коэффисиенти бозоргирии мутлақ – дар асоси тақсими суммаи воситаҳои пулӣ бар ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат мебошад, ки сатҳи оптималии он аз 0,2 то 0,25 бояд баробар бошад:

 

4.Дар раванди таҳлил аҳамияти бештарро самояи софи гардон ба худ ҷалб кардааст, зеро сармояи софи гардон мустақилияти молиявиро дар ҳолати гардиши сусти дороиҳои гардон, имконият медиҳад. Барои ҳисоб кардани самояи софи гардон формулаи зерин истифода бурда мешавад: /4,саҳ.62/

ССГ=Дороиҳои гардон-Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат (1.4)

Дар асоси ҳисоботҳои ҶДММ “Ромашка” коэффисиентҳои бозоргирӣ ҳисоб карда шуда, дар ҷадвали 1.5 оварда шудааст:

Ҷадвали 1.5

Ҳисоби коэффисиентҳои бозоргирии ҶДММ “Ромашка”

Нишондиҳандаҳо

Соли 2011 (фоиз,%)

Соли 2010 (фоиз,%)

Фарқи байни нишондиҳандаҳо

Коэффисиенти бозоргирии ҷорӣ

0,97

0,98

(0,01)

Коэффисиенти бозоргирии мӯҳлатнок

0,6

0,5

0,1

Коэффисиенти бозоргирии мутлақ

0,2

0,17

0,03

Сармояи софи гардон

(155 681)

(78 913)

(76 768)


 

 

Чӣ хеле, ки аз ҷадвали 1.5 дар нитиҷаи ҳисоби коэффисиентҳои бозоргирӣ маълум гардид, коэффисиенти бозоргирии ҷории корхона дар соли 2010 ба 0,98%  баробар буда,  дар соли 2011 ба 0,97%  расидааст. Дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 ин нишондод 0,01% кам гардидааст.

Мувофиқи стандартҳои байналхалқӣ ин нишондод барои фаъолияти корхона аҳамияти манфӣ дорад. Зеро корхона имконияти рӯйпӯш ва пардохти ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддатро надорад, азбаски барои 1% ӯҳдадорӣ 0,97 % дар соли 2011 ва 0,98 % дар соли 2010 дороиҳои гардон рост меояд, ки аз меъёри ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат кам аст. Аз ин ҳолат ба хулосае омадан мумкин аст, ки корхона хавфи муфлисшавиро дорад.

Дар навбати худ, коэффисиенти бозоргирии мӯҳлатнок дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 ба 0,1% афзудааст, ки соли 2010 ба 0,5% ва соли 2011 ба 0,6% баробар буд. Нишондиҳандаи ин коэффисиент низ аз сатҳи муқарраргардидаи стандартҳои байналхалқӣ паст аст, ва аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯҳдадории кӯтоҳмуддати корхона нисбат ба ҳаҷми қарздории дебиторӣ, воситаҳои пулӣ ва маблағгузориҳои молиявии кӯтоҳмуддат зиёд аст.

Яке аз баҳодиҳии амиқи ҳисоби коэффисиенти бозоргирӣ ин коэффисиенти бозоргирии мутлақ мебошад, ки нишондиҳандаи ин коэффисиент мувофиқи  нишондиҳандаи корхона дар соли 2010 ба 0,17% буда, дар соли 2011 ба 0,2 % расидааст. Ин натиҷа аз он шаҳодат медиҳад, ки ба 1 фоиз  ӯҳдадории кӯтоҳмуддат миқдори дар боло номбаргардида воситаҳои пулӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда мувофиқи стандартҳои байналхалқӣ рост меояд, зеро сатҳи он аз 2 то 2,5 меъёр муайян карда шудааст.

Сармояи софи гардони корхона мувофиқи ҳисобҳо аломати манфӣ ҳосил шудааст. Дар соли 2010 ба 155 681 ҳаз.сомонӣ ва дар соли 2011 ба 78 913 ҳаз.сомонӣ кам гардидааст. Аз натиҷаи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки корхона  барои пардохти ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат бо воситаи дороиҳои гардон имконият надорад ва гуфтан мумкин аст, ки норасоии воситаҳо ба муфлисшавӣ оварда мерасонад.

 

1.4 Таҳлили нишондиҳандаҳои даромаднокӣ

Коэффисиентҳои даромаднокӣ нишон медиҳанд, ки то кадом дараҷа фаъолияти корхона фоиданок аст. Ин коэффисиентҳо чун фоидаи гирифташуда бар ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташуда ҳисоб карда мешавад. Якчанд намудҳои асосии коэффисиенти даромаднокӣ дар молия васеъ ва бештар истифода бурда мешавад:

  • Коэффисиенти даромаднокии дороиҳо;
  • Коэффисиенти даромаднокии фурӯш;
  • Коэффисиенти даромаднокии сармояи худӣ;
  • Коэффисиенти даромаднокии истеҳсолӣ.

Коэффисиенти даромаднокии дороиҳо - чун ҳисоби тақсими фоидаи соф бар арзиши миёнасолаи дороиҳои корхона муайян карда мешавад. Коэффисиенти мазкур чанд воҳиди пулӣ лозим будан барои ба даст овардани фоидаро нишон медиҳад ва мувофиқи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

 

Коэффисиенти даромаднокии сармояи худӣ - барои муайян намудани самаранокии истифодабарии сармоя, сармояҳои саҳмдорон ва муқоисаи нишондиҳандаҳои додашуда бо даромадҳои оянда аз воситаҳои гузошташуда ба дигар қоғазҳои қимматнок, имконият медиҳад.

 

Коэффисиенти даромаднокии фурӯш - бо воситаи тақсими ҳаҷми фоида бар ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташуда ҳисоб карда мешавад, ки натиҷа чанд воҳиди пулии фоидаи соф аз як воҳиди пулии маҳсулоти фурӯхташударо нишон медиҳад ва аз рӯи формулаи зерин ҳисоб мешавад:

 

Коэффисиенти даромаднокии истеҳсолӣ – барои муайян намудани даромаднокии истеҳсолӣ бо воситаи тақсими даромади соф бар арзиши аслии маҳсулот мебошад. Ин коэффисиент аз он шаҳодат медиҳад, ки чанд фоизи арзиши аслии маҳсулот барои гирифтани даромади соф раона карда шудааст. Формула коэффисиенти мазкур чунин аст:/4,саҳ.67/

 

 

Ҷадвали 1.6

Ҳисоби коэффисиенти даромаднокии ҶДММ “Ромашка”

Нишондиҳандаҳо

Соли 2011 (фоиз,%)

Соли 2010 (фоиз,%)

Фарқи байни нишондиҳандаҳо

1

 Коэффисиенти       даромаднокии дороиҳо

0,72

0,84

(0,12)

2

Коэффисиентҳои даромаднокии сармоя

8,1

8,7

(0,6)

3

Коэффисиенти даромаднокии фурӯш

5,7

6

(0,3)

4

Коэффисиентҳои даромаднокии истеҳсолӣ

2

1,9

0,3


 

 

Мувофиқи маълумотҳои ҷадвали 1.6 нишондиҳандаи даромаднокии дороиҳо 0,72 % - ро дар соли 2011 ва 0,84 % - ро дар соли 2010 ташкил додааст, ки соли 2011 нисбат ба соли 2010 ба 0,12 % кам гардидааст. Яъне барои ба даст овардани 1 фоиз фоида бояд 0,72 % дороиҳо дар соли 2011 ва 0,84 %  дар соли 2010 истифода бурда шавад.

Аз натиҷаҳое, ки дар ҷадвали боло оварда шудааст, хулоса баровардан мумкин аст, ки сатҳи молиявии корхона паст буда, хавфи молиявиро дорад.

 

 

    1.  Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои гирдгардиш

Дар амалия барои ҳисоб ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои корхона якчанд намуди ҳисоби коэффисиенти гирдгардиш истифода бурда мешавад. Гурӯҳи нишондиҳандаҳои гирдгардиш, ки нишондиҳандаҳои фаъолнокии корхона меноманд, имконият медиҳад, ки ҳолати молиявии корхона аз ҷиҳати пардохпазирии он муайян карда шавад. Аз натиҷаҳои ҳисоби нишондиҳандаҳои мазкур дидан мумкин аст, ки то кадом дараҷа корхона воситаҳои худро самаранок истифода мебарад. Ба гурӯҳи нишондиҳандаҳои фаъолнокӣ нишондиҳандаҳои зерин дохил мешаванд, ки дар менеҷменти молия бештар истифода бурда мешавад, ба монанди:

  • Коэффисиенти гирдгардиши дороиҳо;
  • Коэффисиенти гирдгардиши қарздории дебиторӣ;
  • Коэффисиенти гирдгардиши қарздории кредиторӣ;
  • Коэффисиенти гирдгардиши захираҳои моддию молӣ;
  • Коэффисиенти давомнокии давраи амалиётӣ.

1. Коэффисиенти гирдгардиши дороиҳо - муносибати даромад аз фурӯши маҳсулот ба ҷамъи умумии дороиҳои тавозун мебошад, ки аз истифодаи самаранокии ҳамаи захираҳои корхона, новобаста аз сарчашамаи ҷалби онҳо инъикос меёбад. Натиҷаи коэффисиенти гирдгардиш нишон медиҳад, ки чанд маротиба дар як сол давраи пурраи истеҳсолӣ бо самаранокии мувофиқ ба намуди фоида ва ё чанд воҳиди пулии дороиҳо  ба пайдоиши воҳиди пулии маҳсулоти фурӯхташуда ба даст овардааст. Ин коэффисиент мувофиқи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

 

2. Коэффисиенти гирдгардиши қарздории дебиторӣ – нишон медиҳад, ки ба ҳисоби миёна қарздории дебиторӣ  дар як соли ҳисоботӣ чанд маротиба ба воситаҳои пулӣ табдил ёфтаанд. Коэффисиент бо воситаи тақсими даромади соф аз фурӯш ба арзиши миёнаи қарздории дебиторӣ ҳисоб карда мешаад ва бо формулаи зерин муайян кардан мумукин аст:

 

3. Коэффисиенти гирдгардиши қарздории кредиторӣ – нишон медиҳад, ки дар як сол чанд маротиба қарзи кредиторӣ пардохт карда мешавад. Ин нишондиҳанда ҳамчун тақсими арзиши аслии маҳсулот бар арзиши миёнаи қарздории кредиторӣ ҳисоб карда мешавад, яъне:

 

4. Коэффисиенти гирдгардиши захираҳои моддию молӣ – суръати фурӯши захираҳоро инъикос менамояд. Он ҳамчун тақсими арзиши аслии маҳсулот бар арзиши миёнаи захираҳо ҳисоб карда мешавад, ки чунин формуларо ташкил медиҳад:

 

5. Бо воситаи давомнокии давраи амалиётӣ муайян менамоянд, ки чанд рӯз ба ҳисоби миёна барои истеҳсолот, фурӯш ва пардохти маҳсулоти корхона лозим аст:

Д.давраи амалиётӣ = К.гирд.қд + К.гирд.змм (1.13)

Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо барои таҳлили истифодаи самараноки воситаҳо барои фаъолияти корхонаҳо васеъ истифода бурда мешаванд. /4,саҳ.66/

Ҳамин тавр дар асоси ҳисоботҳои ҶДММ “Ромашка” нишондиҳандаҳои фаъолнокии корхонаро истифода бурда, истифодаи самараноки воситаҳои корхонаро муайян мекунем:

 

Ҷадвали 1.7

Ҳисоби нишондиҳандаҳои фаъолнокии корхона

Нишондиҳандаҳо

Соли 2011 (фоиз,%)

Соли 2010 (фоиз,%)

Фарқи байни нишондиҳандаҳо

1

Коэффисиенти гирдгардиши дороиҳо

0,25

0,28

(0,03)

2

Коэффисиенти гирдгардиши қарздории дебиторӣ

0,95

1,1

(0,15)

3

Коэффисиенти гирдгардиши қарздории кредиторӣ

0,22

0,65

(0,43)

4

Коэффисиенти гирдгардиши захираҳои моддию молӣ

0,52

0,53

(0,01)

Информация о работе Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”