Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 14 Апреля 2014 в 15:31, курсовая работа

Краткое описание

Муҳимияти идоракунии захираҳои молиявии корхонаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳолати молиявии он бархурдор гардида, бевосита барои беҳтар гардонидани сатҳи фаъолияти корхонаҳо истифода бурда мешавад. Ҳангоми идоракунии захираҳои молиявии корхона ба самти мувофиқ равона кардани захираҳо аён гашта, барои тараққӣ додани раванди фаъолият пешбинӣ карда мешавад.

Содержание

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА»
Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти молиявии корхона…………………………………………………………
Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ ва сармояи худӣ………….....
Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои бозоргирӣ……………………….
Таҳлили нишондиҳандаҳои даромаднокӣ……………………………
Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои гирдгардиш……………………..
Самараи фишанги молиявӣ…………………………………………….
Ҳисобу китоб ва баҳогузории сатҳи фишанги амалиётӣ…………..
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА
2.1 Сармояи софи гардон ва талаботҳои молиявии ҷорӣ ………………
2.2 Идоракунии воситаҳои пулӣ…………………………………………….
2.3 Таҳлил ва идоракунии қарздории дебиторӣ……………………….....
2.4 Идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхона……...
ХУЛОСА………………………………………………………………………....
РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА………………………….
ЗАМИМА...............................................................................................................

Прикрепленные файлы: 1 файл

bonil-Курсовая.docx

— 1.55 Мб (Скачать документ)

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон

ба номи академик М.С Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

 

Факултет: «Муҳандисӣ-иқтисодӣ»

                              Кафедра: «Молия ва қарз»

«Тасдиқ мекунам»

Мудири кафедра

                                                                   Бобоев М.У.

«___»_________2013 сол

Кори курсӣ

Аз фанни «Менеҷменти молия»

Дар мавзӯи: Таҳлил ва идоракунии захираҳои     молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”

 

Иҷрокунанда: Бобоева Нилуфар Умаровна /_______ /

       Курси 3 гурӯҳи  25.01.04 тб

   Роҳбар:    Бобоев Мирзоҳаёт Усмонович       /_______ /

 

Натиҷаи ҳимоя

№ кӯшиш

Баҳо

Сана

Имзо

Кӯшиши 1

     

Кӯшиши 2

     

Кӯшиши3

     

 

 

 

Хуҷанд – 2013

МУНДАРИҶА

саҳ:

МУҚАДДИМА…………………………………………………………………

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА»

    1.  Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти           молиявии корхона…………………………………………………………
    2. Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ ва сармояи худӣ………….....
    3. Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои бозоргирӣ……………………….
    4. Таҳлили нишондиҳандаҳои даромаднокӣ……………………………
    5. Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои гирдгардиш……………………..
    6. Самараи фишанги молиявӣ…………………………………………….
    7. Ҳисобу китоб ва баҳогузории сатҳи фишанги амалиётӣ…………..

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА

2.1 Сармояи софи гардон  ва талаботҳои молиявии ҷорӣ  ………………                         

2.2 Идоракунии воситаҳои  пулӣ…………………………………………….

2.3 Таҳлил ва идоракунии қарздории дебиторӣ……………………….....

2.4 Идоракунии зидди бӯҳронии  захираҳои молиявии корхона……...               

ХУЛОСА………………………………………………………………………....

РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА………………………….

ЗАМИМА...............................................................................................................

 

 

 

 

 

 

 

 

МУҚАДДИМА

Дар шароити иқтисодии бозоргонӣ сатҳи фаъолияти корхонаҳо дар бисёри мавридҳо аз идоракунии захираҳои молиявии корхона вобастагии калон дошта, раванди фаъолияти ҳисоботии корхонаҳо бо усулҳои гуногуни молиявӣ мунтазам таҳлил карда мешавад. Ин муносибат барои беҳтар гардонидани фаъолияти корхона истифода бурда шуда, боиси қабули қарорҳо барои рушди корбарии он ва фаъолияти минбаъдаи он мегардад.

Муҳимияти идоракунии захираҳои молиявии корхонаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳолати молиявии он бархурдор гардида, бевосита барои беҳтар гардонидани сатҳи фаъолияти корхонаҳо истифода бурда мешавад. Ҳангоми идоракунии захираҳои молиявии корхона ба самти мувофиқ равона кардани захираҳо аён гашта, барои тараққӣ додани раванди фаъолият пешбинӣ карда мешавад.

Моҳияти иҷрои кори курсии мазкур, гузаронидани таҳлили ҳолати молиявии корхона ва дар асоси натиҷаҳои таҳлил пешгӯӣ намудани фаъолияти минбаъда ва интихоби варианти оптималӣ барои ба даст овардани фоида дар асоси ҳисоботҳои объекти интихобкардашуда мебошад. Ҳамчунин натиҷаҳои таҳлил имконият медиҳад, ки дар асоси он қарорҳои молиявӣ қабул карда шаванд.

Мақсади иҷрои ин кор мустаҳкам намудани донишу малакаҳое, ки дар раванди омӯзиши фанни менеҷменти молия омӯхтем, ба ҳисоб рафта, усулҳои заруриро дар фаъолияти мутахассисии ояндаи худ истифода

 

         

Кори курсӣ дар мавзӯи «Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ «Ромашка»

         

Изм

Вара

№ ҳуҷҷат

Имзо

Сана

Иҷрокун.

Бобоева Н.У

   

Муқаддима

Варақ

Варақҳо

Қабулку.

Бобоев М.У.

   

1

2

Роҳба

Бобоев М.У.

   

 Бахши 3, гурӯҳи 25.01.04 тб, ДПДТТ

Нконтр.

Бобоев М.У.

   

Тасдиқ

Бобоев М.У.

   

 

бурда тавонистан аст.

Кори курсии мазкур аз муқаддима, ду боб, хулоса, рӯйхати адабиётҳо ва замамаҳо иборат мебошад, ки ҳар як бобҳо аз зерқисматҳо иборат буда мавзӯъҳои алоҳида ва вобастаро дар бар мегирад.

Боби якум аз ҳафт зербоб иборат буда, дар он таҳлил ва ҳисобу китоби

ҳисоботҳо, ба монанди маълумот доир ба ҳисоботи молиявӣ, таҳлили

ҳисобот оиди ҳолати молиявӣ, ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои даромаднокӣ, бозоргирӣ ва гиргардиш, ҳисоби самараи фишанги молиявӣ, самараи фишанги амлиётӣ  ҷой дорад.

Боби дуюм бошад,  чаҳор зербобро ташкил дода, мавзӯъҳои сармояи софи гардон ва талаботҳои молиявии ҷорӣ, идоракунии воситаҳои пулӣ, идоракунии қарздории дебиторӣ ва таҳлили он, идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхонаро дар бар мегирад.

Ҳамаи ин мавзӯъҳои номбаргардида дар асоси ҳолати молиявии ҶДММ «Ромашка» дида баромада мешавад, ки ҳамчун обьекти таҳлил интихоб карда шудааст. Ҳисоботҳое, ки дар асоси он нишондиҳандаҳои гуногуни молиявӣ бо рақамҳои амиқ таҳлил ва ҳисоб карда, баҳо дода мешаванд, дар охири кори зерин замима карда шудаанд.

Дар рӯйхати адабиётҳо, номгӯи адабиётҳои истифодашуда оварда шудаанд, ки такя бар онҳо кори курсӣ навишта шудааст. Он мафҳумҳо ва қисми назарияҳое, ки аз адабиётҳо гирифта шудаанд, дар охири ҳар як сатр бо рақамҳои тартибии дар рӯйхати адабиётҳо навишта шуда бо рақами саҳифаҳои онҳо ишора карда шудааст.

 

 

 

 

 

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА»

1.1 Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти молиявии корхона

Маҷмӯи муносибатҳои иқтисодие, ки дар он гардиши воситаҳои пулӣ ҳангоми таъсисёбӣ, тақсимот ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ба миён меояд, молия номида мешавад.

Ҳисоботи молиявӣ – ин маҷмӯи шаклҳои ҳисоботе мебошад, ки дар асоси маълумотҳои баҳисобгирии молиявӣ, бо мақсади пешниҳоди ахборот барои истифодабарандагон оиди ҳолати молиявӣ ва фаъолияти корхона ва ҳамчунин доир ба тағйирёбии вазъи молиявии он дар давраи ҳисоботӣ ба намуди қулай ва аён, барои қабули қарорҳои молиявӣ ва ҳам иқтисодӣ тартиб дода мешавад.

Ҳисоботи молиявӣ бо худ маънои тасвири сохтори ҳолати молиявӣ ва маълумот доир ба натиҷаҳои молиявии корхонаро дорад. /2, саҳ.16/

Мақсади асосии ташкили ҳисоботи моливӣ пешкаши ахборот доир ба ҳолати молиявӣ, натиҷаҳои молиявӣ ва ҳаракати воситаҳои пулии корхона мебошад, ки барои истифодабарандагон  барои қабули қарорҳо муҳим аст. Инчунин, ҳисоботи молиявӣ натиҷаҳои идоракунии захираҳоро инъикос менамояд.

Маълумотҳои ҳисоботи молиявӣ, чун сарчашмаи асосӣ барои таҳлили ҳолати молиявии корхона пурра истифода бурда мешавад. Маълумотҳои ҳисоботи мазкур, ҳамчунин, барои назорати мақомотҳои идоракунии дохилӣ ва ҳам берунӣ  чун манбаи асосӣ ба ҳисоб меравад. /4, саҳ.21/

Мувофиқи Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ), ки

 аз тарафи Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 5 марти соли 2004 қабул гардид, ҳуҷҷати асосӣ барои тартибдиҳии ҳисоботи молиявӣ IAS 1 «Пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ» ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии стандарти IAS 1 ин ба миён гузоштани талаботҳои умумӣ ба ҳисоботи молиявии корхона ва ҳам дигар корхонаҳо, ки қиёспазирии давраҳои ҳисоботии пешинаро таъмин менамояд , ба шумор меравад.

Байни ҳисоботҳои гуногуне, ки корхона тартиб медиҳад, ҳисоботи солона муҳимтарин ҳисобот ба шумор меравад, ки бештар барои саҳмдорон ва истифодабарандагон, ичунин барои қабули қарорҳо тартиб дода мешавад, ки дар он ду шакли маълумот ҷой дорад:

  1. Қисми якуми ҳисоботи солона аз ҳисоботи шифоҳӣ иборат буда, бештар ҳамчун мактуби роҳбар  пешниҳод карда мешавад, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти ширкат барои соли гузашта ва қабули қарорҳо доир ба рушди ояндаи фаъолияти корхона оварда мешавад.
  2. Қисми дуюми ҳисоботи солона панҷ ҳуҷҷатҳои асосии молиявиро дар бар мегирад, инҳо:
  • ҳисобот оиди ҳолати молиявӣ (тавозун);
  • ҳисобот оиди фоида ва зарар;
  • ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ;
  • ҳисобот оиди дигаргуншавии сармояи худӣ;
  • тавзеҳот.

Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ дар якҷоягӣ оиди амалиётҳои корхона ва ҳолати молиявии он ахбороти мушаххас медиҳанд. /3, саҳ.66/

Ҳисобот оиди ҳолати молиявӣ ё ин, ки тавозун яке аз унсурҳои усули баҳисобгирии муҳосибӣ буда, сарчашмаи асосии ахбор барои истифодабарандагони гуногун ба шумор меравад. Тавозун аз ду қисм, қисми активӣ ва қисми пассивӣ иборат аст. Қисми активии он, дороиҳои гардон ва ғайригардонро дар бар гирифта, қисми пассивиаш бошад, аз ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, инчунин сармояи оинномавӣ, сармояи худӣ, сармояи захиравӣ ва сармояи иловашуда иборат аст. Сохтори тавозун дар асоси муодилаи тавозунӣ ташкил дода мешавад:

Дороиҳо = Ӯҳдадориҳо + Сармояи худӣ

Дороиҳои корхона - ҳалли маблағгузориҳои корхонаро, ки барои давраи ҳисоботӣ барои фаъолияташ қабул намудааст, инъикос менамояд. Дар тавозун дороиҳо бо тартиби бозоргирии онҳо ҷой дода мешаванд.

Дороиҳои ғайригардон (дарозмуддат) – чунин воситаҳое мебошанд, ки на зиёда аз як давраи ҳисоботӣ истифода бурда шуда, бо мақсади истифодабарӣ дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ба даст оварда мешаванд ва дар давоми сол фурӯхта намешаванд. Дороиҳои ғайригардон  қисми якуми тавозун – «Воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайригардон»-ро ташкил медиҳад. /4, саҳ.39/

Дороиҳои гардон (кӯтоҳмуддат) – воситаҳое мебошанд, ки дар давоми соли ҳисоботӣ истифода бурда шудаанд, фурӯхта шудаанд ва ё талаб карда шудаанд. Дар тавозун дороиҳои гардон қисми дуюми дороиҳоро ташкил медиҳад.

Барои қабули қарорҳои молиявӣ аз таркиби воситаҳои гардон чунин моддаҳои зарурӣ истифода бурда мешаванд, ки бештар барои муайян сохтани ҳолати молиявии корхона истивода бурда мешавад:

  • воситаҳои пулӣ;
  • сармоягузории молиявии кӯтоҳмуддат;
  • қарздории дебиторӣ;
  • захираҳои моддию молӣ. /4, саҳ.39/

 Қисми пассивии тавозуни корхона қабули қарор оиди интихоби сарчашмаи сармоягузориро инъикос менамояд. Дар менеҷмент, барои мақсадҳои сармоягузорӣ бояд пассивро ба гурӯҳҳо ва нишондиҳандаҳои зерин  ҷудо намоем:

  • ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат;
  • ӯҳдадориҳои дарозмуддат;
  • сармояи худӣ.

Ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат – ӯҳдадориест, ки аз ҳисоби дороиҳои гардон ва ё дар ҳолати пайдо намудани ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати нав рӯйпӯш карда мешавад.

Ӯҳдадориҳои дарозмуддат – ин ӯҳдадорие мебошад, ки бояд зиёда аз як соли ҳисоботӣ пардохт карда шавад. Намудҳои асосии ӯҳдадориҳои дарозмуддат, ин қарзҳо ва заёмҳои дарозмуддат, вомҳо, векселҳои дарозмуддат барои пардохт, ӯҳдадорӣ барои пардохти нафақа ва пардохти иҷорагрии дарозмуддат ва ғайраҳо ба шумор мераванд.

Сармояи худӣ – сармояест, ки таркиби он аз сармояи оинномавӣ, сармояи захиравӣ, сармояи иловагӣ ва фоидаи тақсимнашуда иборат аст.

Барои менеҷери молиявӣ аз қисми пассивии тавозун ҷудо кардани моддаҳои зерин  муҳим аст:

  • фоидаи ҷамъшуда;
  • сармояи гузошташуда.

Фоидаи ҷамъшуда – ин фоидаест, ки корхона дар раванди тамоми соли фаъолияташ  ба даст овардааст, ки баъди андозбандӣ ва пардохти дивидендҳо ҳисоб карда мешавад.

Хулоса, тавозун ҳуҷҷати молиявӣ ва ё муҳосибиест, ки аз ҳолати молиявии корхона, ҳолати пардохтпазирии он ва дар сатҳи муайян қарор доштани корхона маълумот медиҳад. /4, саҳ.45/

Ҳисобот оиди фоида ва зарар маълумот дар бораи ҷараёни ташаккул ва истифодабарии фоида дар фосилаи вақти муайянро дар бар мегирад.  Дар ҳисоботи мазкур фоидаи аввал, фоидаи умумӣ ҳисоб карда шуда, баъдан аз фарқи байни фоидаи умумӣ ва хароҷотҳои маъмурӣ, тиҷоратӣ, хароҷотҳои фоизӣ ва дигар хароҷотҳо, инчунин ҳисоби андоз аз фоида ва ҷамъи даромади фоизӣ, даромад аз фаъолияти ғайрималиётӣ дар натиҷа фоидаи соф пайдо мегардад.

Фоидаи соф – фоидаест, ки баъди пардохти андоз аз фоида ба даст меояд. Ин нишондод, муҳимтарин нишондиҳандаи фаъолияти корхона ба ҳисоб меравад.

Ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулӣ – ҳисоботест, ки нишондиҳандаҳои он нисбати нишондиҳандаҳои дигар ҳисоботҳо, ба монанди ҳисобот оиди фоида ва зарар дигаргун аст, зеро баъзе аз фоида ва зарарҳо, ки дар ҳисоботи фоида ва зарар инъикос меёбад, пардохти пулиро дар бар намегирад.

Информация о работе Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”