Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”
Автор работы: Пользователь скрыл имя, 14 Апреля 2014 в 15:31, курсовая работа
Краткое описание
Муҳимияти идоракунии захираҳои молиявии корхонаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз ҳолати молиявии он бархурдор гардида, бевосита барои беҳтар гардонидани сатҳи фаъолияти корхонаҳо истифода бурда мешавад. Ҳангоми идоракунии захираҳои молиявии корхона ба самти мувофиқ равона кардани захираҳо аён гашта, барои тараққӣ додани раванди фаъолият пешбинӣ карда мешавад.
Содержание
БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ МОЛИЯВИИ ҶДММ «РОМАШКА» Ҳисоботи молиявӣ – асоси ахборотии таҳлили фаъолияти молиявии корхона………………………………………………………… Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ ва сармояи худӣ…………..... Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои бозоргирӣ………………………. Таҳлили нишондиҳандаҳои даромаднокӣ…………………………… Ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои гирдгардиш…………………….. Самараи фишанги молиявӣ……………………………………………. Ҳисобу китоб ва баҳогузории сатҳи фишанги амалиётӣ………….. БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА 2.1 Сармояи софи гардон ва талаботҳои молиявии ҷорӣ ……………… 2.2 Идоракунии воситаҳои пулӣ……………………………………………. 2.3 Таҳлил ва идоракунии қарздории дебиторӣ………………………..... 2.4 Идоракунии зидди бӯҳронии захираҳои молиявии корхона……... ХУЛОСА……………………………………………………………………….... РӮЙХАТИ АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА…………………………. ЗАМИМА...............................................................................................................
Прикрепленные файлы: 1 файл
Ҳисобот оиди дигаргуншавии
сармояи худӣ – ин ҳисоботест, ки дар раванди
фаъолияти корхона, оиди тағйирёбии сармоя,
дар асоси сармоягузории нав ва ё кам гардидани
он маълумот медиҳад. Ҳисоботи мазкур
имконият медиҳад, ки дар кадом сатҳ қарор
доштани ҳолати пардохтпазирии корхонаро
муайян намоем.
Тавзеҳот – ин намуди ҳуҷҷатест,
ки дар он ҳамаи нишондиҳандаҳои корхона
ба таври мушаххас оварда шуддаст, ки он
қисмҳои зеринро ташкил медиҳад:
сиёсати баҳисобгирӣ;
тавзеҳоти тавозун ва ҳисобот
оиди фоида ва зарар;
ҳисобукиттоби нишондиҳандаҳои
молиявӣ;
дигар ахборот.
Ҳамаи ҳисоботҳои дар боло номбаргардида
бо мақсади муайян намудани ҳолати
молиявӣ ва ҳам иқтисодии корхона нақши
муҳим дошта, асос барои рушд ва пешбарии
фаъолияти минбаъдаи ҳар як ташкилот ва
ширкатҳо мебошад.
Таҳлили ҳолати молумулк, ӯҳдадорӣ
ва сармояи худӣ
Дар низоми таҳлили иқтисодӣ
мавқеи асосиро таҳлили молиявии фаъолияти
субъектони хоҷагидорӣ ишғол менамояд,
ки қисми асосии фаъолияти менеҷерон ва
таҳлилгарони молиявӣ ба шумор меравад.
Зери мафҳуми ҳолати молиявӣ
пардохтпазирӣ ва худмаблағгузории корхона
дар раванди фаъолияти он фаҳмидан мумкин
аст.
Мақсади асосии таҳлил бо мурури
замон муайян намудан ва аз байн бурдани
ноқисиҳо ва душвориҳо дар раванди фаъолияти
молиявӣ ва муайян намудани сарчашмаи
захираҳо барои беҳтар гардонидани сатҳи
молиявии корхона ва фаъолияти он ба ҳисоб
меравад.
Ҳисоботи молиявӣ дар баробари
оиди ҳолати моливии корхона маълумот
додан, дар навбати худ оиди амалиётҳое,
ки дар раванди соли ҳисоботӣ иҷро мегардад,
қисман дар бар мегирад. Муҳимияти ҳисоботи
молиявӣ дар он аст, ки асос барои пешгӯии
фаъолияти ояндаи корхона барои ба даст
овардани даромад, пешгӯӣ оидӣ ҷараёни
озоди пулӣ ва дивидендҳо истифода бурда
мешавад. /3, саҳ.119/
Аз нуқтаи назари менеҷери молия
дар асоси ҳисоботҳо бо усули ҳисобу китоб
ва таҳлили нишондиҳандаҳои корхона, бемемоният
оиди рушд ва тараққиёти ояндаи корхона
пешгӯӣ намудан мумкин аст, ки самаранокии
фаъолияти минбаъдаи корхонаро дар давраҳои
муайян ба нақша мегирад.
Барои муайян намудани сатҳи
фаъолияти корхонаву ширкатҳо якчанд
намуди таҳлилҳо дар амалия истифода бурда
мешавад, ба монанди:
Таҳлили уфуқӣ;
Таҳлили амудӣ;
Таҳлили омилӣ;
Таҳлили трендӣ;
Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ.
Таҳлили уфуқӣ – мувофиқи нишондиҳандаҳои
ҳисоботҳо муайян намудани тағйиротҳои
мутлақ ва нисбии моддаҳои гуногуни ҳисоботро
барои солҳои муайяни ҳисоботӣ имконият
медиҳад.
Таҳлили амудӣ – бо мақсади
нишон додани вазни қиёсии моддаҳои алоҳидаи
ҳисобот, ки нишондоди ҷамъбастиаш
100 фоизро ташкил медиҳад, гузаронида мешавад.
Таҳлили омилӣ – дар асоси нишондиҳандаҳои
ҳисобот таҳлил карда шуда, дар раванди
таҳлил омили таъсиррасонанда дар камшавӣ
ва ё зиёдшавии нишондодҳо ба назар гирифта
мешаванд.
Таҳлили трендӣ – дар асоси
нишондиҳандаҳои ҳисоботи якчанд солҳо
дар сатҳи соли базисӣ, ки ҳамаи нишондиҳанадаҳо
бо меъёри 100 фоиз қабул мегардад, муқоиса
гузаронида мешавад.
Таҳлили коэффисиентҳои молиявӣ
- мутаносибии молиявии байни моддаҳои
гуногуни ҳисоботро нишон медиҳад. Моҳияти
усули таҳлили мазкур дар ҳисоби нишондиҳандаҳои
мувофиқ дар асоси ҳисобот мебошад.
Ҳамаи ин усулҳои таҳлил имконият
медиҳанд, ки дар асоси натиҷаҳои муқоисавии
солҳои гуногуни ҳисоботӣ барои рушди
фаъолияти корхонаҳо қарорҳои мувофиқ
ва амиқ қабул намуда, сатҳи молиявӣ ва
иқтисодии корхонаро беҳтар гардонанд.
Барои муфассалтар дида баромадани
тарзи истифодабарии усулҳои таҳлилӣ,
ҳисоботи яке аз корхонаҳои истеҳсолиро
таҳлил менамоем.
ҶДММ «Ромашка» соли 1993 ташкил
гардида, 20 сол инҷониб фаъолият мебарад.
Ин корхона истеҳсолкунандаи либосҳои
сатҳҳои гуногун буда, ашёи хоми истеҳсолиро
аз давлатҳои Корея, Италия, Туркия ва
Германия дастрас менамояд. Корхонаи мазкур
дар сатҳи бозор сигменти миёнаро ишғол
намуда, бо дигар корхонаҳои фаъолияташ
монанд қобилияти рақобатнокӣ дорад. Корхона
барои истеҳсоли либосҳо аз таҷҳизотҳои
нави ҳозиразамон истифода мебарад, ки
мувофиқан сифати маҳсулоташ баланд аст.
Дар асоси ҳисоботҳои молиявии
ҶДММ «Ромашка», ба монанди ҳисобот оиди
ҳолати молиявӣ (тавозун) ва ҳисобот оиди
фоида ва зарар, ки шакли аслии ҳисоботҳо
дар охири кори мазкур оварда шудааст,
таҳлили амудӣ ва уфуқӣ гузаронида мешавад
ва мувофиқи натиҷаҳои таҳлил нишондиҳандаҳо
шарҳ дода мешаванд.
Барои истифодабарандагони
умумӣ ҳисоботҳои корхонаву ширкатҳо
ҳисоботҳо ба намуди конфеденсиалӣ паҳн
карда мешавад, чунин намуди ҳисобот маълумоти
умумӣ оиди ҳолати молиявии корхонаро
дар бар мегирад. Корхона ӯҳдадор аст,
то ки барои истифодабарандагон ахборот
доир ба раванди фаъолити хеш дастрас
намояд, зеро корхонаҳо дар ҷамъият нақши
асосиро бозида, ҳамчун таъминкунанда
ва қонеъкунандаи талаботҳои мардум ба
ҳисоб мераванд.
Ҷадвали 1.1
Таҳлили уфуқии қисми дороиҳои
тавозуни ҶДММ «Ромашка»
Номгӯи ҳисоби тавозунӣ
Солҳои ҳисоботӣ
Таҳлили уфуқӣ
Дороиҳо
Соли 2011
Соли 2010
мутлақ (ҳаз.сом)
нисбӣ (фоиз,%)
Воситаҳои асосӣ
123 456
121 888
1 568
101,29
Маблағгузории молиявӣ
525 525
525 525
0
100,00
Дороиҳои андозии мавқуфгузошташуда
90 000
8 000
82 000
1125,00
Дигар дороиҳои ғайригардон
150 000
100 000
50 000
150,00
Захираҳо
1 900 850
1 800 750
100 100
105,56
Андоз ба илова кардани арзишҳои
гирифташуда
500 000
533 000
-33 000
93,81
Қарздории дебиторӣ
2 111 500
1 718 507
392 993
122,87
Маблағгузории молиявӣ (ҳисоби
депозитӣ)
50 000
0
50 000
0,00
Воситаҳои пулӣ
1 525 920
1 070 734
455 186
142,51
Дигар дороиҳои гардон
935 049
843 096
91 953
110,91
Ҳамагӣ - дороиҳо
7 912 300
6 721 500
1 190 800
117,72
Аз ҷадвали 1.1, аз натиҷаҳои
таҳлили уфуқии тартибдода маълум гардид,
ки ҳолати молиявии ҶДММ «Ромашка» дар
солҳои ҳисоботии 2010 ва соли 2011, ғайр аз
маблағгузории молиявӣ, дигар нишондиҳандаҳои
тавозунӣ, маъмулан тағйир ёфтааст,
ки ин тағйирёбӣ сабабҳои гуногун дорад.
Таҳлили уфуқӣ нишон дод, ки
воситаҳои асосӣ дар соли 2011 нисбат ба
соли 2010 дар ҳаҷми 1 568 сомонӣ зиёд гардида,
1,29%-ро ташкил медиҳад. Маблағгузории молиявӣ
дар соли 2011 бетағйир мондааст. Дороиҳои
андозии мавқуфгузошташуда дар ҳаҷми
82 000 ҳаз.сомонӣ афзуда, 125%-ро дар бар мегирад.
Дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 захираҳо
дар ҳаҷми 100 100 ҳаз.сомонӣ зиёд гардидааст,
ки 5,56%-ро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи
дар ҳаҷми бузург кам гардида - ин андоз
ба илова кардани арзишҳои гирифташуда
мебошад, ки ба 33 000 ҳаз.сомонӣ кам гардида,
камшавии ин нишондод 6,19%-ро ташкил
дод. Дар навбати худ қарздории дебиторӣ
дар ҳаҷми 392 993 ҳаз.сомонӣ афзудааст, ки
22,87% -ро ташкил медиҳад. Воситаҳои пулӣ
дар соли 2011 нисбати соли 2010 ба 455 186 ҳаз.сомонӣ
зиёд гардидааст, ки 42,51%-ро ташкил медиҳад.
Дигар дороиҳои гардон дар соли
2011 нисбат ба соли 2010 дар ҳаҷми
91 953 ҳаз.сомонӣ афзудааст, ки
10,91%-ро тушкил медиҳад.
Ҳамагӣ дороиҳо дар тавозун
дар соли 2010 ҳаҷми 6 721 500 ҳаз.сомониро ташкил
дода, дар соли 2011 ба ҳаҷми 7 912 300 ҳаз.сомонӣ
расидааст, ки он ҳамагӣ 1 190 800 ҳаз.сомонӣ
афзуда, 17,72%-ро ташкил медиҳад.
Сабаб аз дигаргуншавӣ ва тағйирёбии
нишондиҳандаҳои ҳисоботи молиявӣ гуногун
аст. Масъалан, мабдағгузории молиявӣ
аз сабаби нагузоштани маблағ, ин нишондод
бетағйир мондааст. Дар навбати худ андоз
ба илова кардани арзишҳои иловашуда,
аз сабаби кам шудани ҳаҷми фурӯши маҳсулот
кам гардидааст.
Сабаби зиёд гардидани воситаҳои
пулӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар раванди
фаъолияти корхона дороиҳои гардони корхона
тез гардиш намуда, воситаҳои пулӣ зиёдтар
ба даст омадааст, ки ин амалиёт боиси
зиёд гардидани воситаҳои пулӣ дар корхона
гардидааст. Ҳамин тавр, омилҳои зиёде
барои тағйир додани нишондиҳандаҳои
ҳисоботии корхона таъсир расонда
метавонад.
Бо воситаи диаграмма фарқияти
байни нишондиҳандаҳои тавозуни ҶДММ
"Ромашка" дар солҳои 2010 ва 2011, ки
бо воситаи таҳлили уфуқӣ муайян карда
шудааст, хубтар фаҳмидан мумкин аст, ки
дар расми 1.1 тасвир карда шудааст:
Расми 1.1 Диаграммаи таҳлили
уфуқии қисми дороиҳои тавозун
Ҳамчунин, таҳлили амудӣ вазни
қиёсии нишондиҳандаҳои қисми дороиҳои
тавозунро барои солҳои 2010 ва 2011 бо фарқи
байни онҳо нишон дод, ки дар ҷадвали 1.2
оварда шудааст:
Ҷадвали 1.2
Таҳлили амудии қисми дороиҳои
ҶДММ «Ромашка»
Номгӯи ҳисоби тавозунӣ
Солҳои ҳисоботӣ
Таҳлили амудӣ
Дороиҳо
Соли 2011
Соли 2010
Вазни қиёсӣ (фоиз,%)
Вазни қиёсӣ (фоиз,%)
Фарқият
Воситаҳои асосӣ
123 456
121 888
1,56
1,81
-0,25
Сармоягузории молиявӣ
525 525
525 525
6,64
7,82
-1,18
Дороиҳои андозии мавқуфгузошташуда
90 000
8 000
1,14
0,12
1,02
Дигар дороиҳои ғайригардон
150 000
100 000
1,90
1,49
0,41
Захираҳо
1 900 850
1 800 750
24,02
26,79
-2,77
Андоз ба илова кардани арзишҳои
гирифташуда
500 000
533 000
6,32
7,93
-1,61
Қарздории дебиторӣ
2 111 500
1 718 507
26,69
25,57
1,12
Маблағгузории молиявӣ
50 000
0
0,63
0,00
0,63
Воситаҳои пулӣ
1 525 920
1 070 734
19,29
15,93
3,36
Дигар дороиҳои гардон
935 049
843 096
11,82
12,54
-0,73
Ҳамагӣ - дороиҳо
7 912 300
6 721 500
100
100
0,00
Дар навбати худ таҳлили амудӣ
тағйирёбии фоизии байни нишондиҳандаҳои
ҳисоби тавозуниро нишон дод. Натиҷаҳои
таҳлил аз он шаҳодат медиҳад, ки дар солҳои
ҳисоботии 2011 нисбат ба соли 2010 якчанд
нишондиҳандаҳои тавозунӣ ба таври камшавӣ
тағйир ёфтааст.
Чӣ хеле, ки аз ҷадвали 1.2 маълум
аст, воситаҳои асосӣ дар соли 2011 1,56% ва
дар соли 2010 1,81%-ро ташкил дода, аз ҳаҷми
умумии дороиҳо 0,25% кам гардидааст.
Маблағгузории молиявӣ дар
соли 2011 нисбати ҳаҷми умумии дороиҳо
6,64% ва соли 2010 - 7,82%-ро ташкил дода, нисбати
солҳо 1,18 % кам шудааст.
Дар солҳои ҳисоботии мазкур
захираҳо дар ҳаҷми 2,77% кам гардидааст,
ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз ҳаҷми
умумии дороиҳои корхона маблағгузории
молиявӣ ба миқдори муайян тағйир ёфта,
кам гаштааст.
Қарздории дебиторӣ дар навбати
худ дар солҳои ҳисоботии 2011 нисбат ба
соли 2010 ба 1,12% афзоиш ёфтааст, ки ин аз
он шаҳодат медиҳад, ки корхона 1,12% маҳсулоташро
дар соли 2011 ба қарз фурӯхтааст.
Таҳлили амудӣ нишон дод, ки
воситаҳои пулӣ дар соли 2011 нисбат ба соли
2010 ба ҳаҷми 3,36 % афзудааст. Ин нишондиҳандаест,
ки дар ҳаҷми зиёд нисбат ба дигар нишондиҳандаҳои
тавозунӣ афзудааст.
Дигар дороиҳои гардон дар соли
ҳисоботии 2011 нисбат ба соли ҳисоботии
2010 ба 0,73 % кам гардидааст. Тағйиротҳои
ҳамаи ин нишондиҳандаҳои таҳлилӣ аз он
шаҳодат медиҳад, ки омилҳои зиёд боиси
тағйирёбии қисми дороиҳои корхона мегардад.
Бо воситаи диаграмма фарқияти
байни нишондиҳандаҳои қисми дороиҳои
тавозуни ҶДММ "Ромашка" дар солҳои
2010 ва 2011, ки бо воситаи таҳлили амудӣ муайян
карда шудааст, хубтар фаҳмидан мумкин
аст, ки дар асоси нишондиҳандаҳои ҷадвали
1.2 сохта шуда, дар расми 1.2 тасвир карда
шудаааст.
Расми 1.2 Диаграммаи таҳлили
амудии қисми дороиҳои тавозунӣ
Ҷадвали 1.3
Таҳлили уфуқии қисми пассивҳои
тавозуни ҶДММ «Ромашка»
Номгӯи ҳисоби тавозунӣ
Соли ҳисоботӣ
Таҳлили уфуқӣ
Пассивҳо
Соли 2011
Соли 2010
мутлақ (ҳаз.сом)
нисбӣ (фоиз,%)
Сармояи оинномавӣ
1 500
1 500
0
100,00
Баҳодиҳии дороиҳои ғайригардон
1 800
0
1 800
0,00
Фоидаи тақсимнашуда
700 000
650 000
50 000
107,69
Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда
30 000
25 000
5 000
120,00
Воситаҳои қарзӣ
2 588 000
4 565 000
-1 977 000
56,69
Қарздории кредиторӣ
4 586 500
1 480 000
3 106 500
309,90
Баҳодиҳии ӯҳдадориҳо
4 500
0
4 500
0,00
Ҳамагӣ - пассивҳо
7 912 300
6 721 500
1 190 800
117,72
Чӣ хеле, ки аз таҳлили уфуқии
қисми пассивҳои тавозун маълум гардид,
солҳои 2010 ва 2011 нишондиҳандаҳои пассивии
тавозун бештар афзудааст.
Дар соли ҳисоботии 2011 нисбат
ба соли 2010 сармояи оинномавӣ бетағйир
мондааст, ки дар ҳар ду сол 1 500 сомониро
дар бар мегирад. Корхона дар соли 2011 барои
баҳодиҳоии дороиҳои ғайригардон 1 800 сомонӣ
сарф намуда, ин нишондод дар соли 2010 ба
сифр баробар будааст. фоидаи тақсимнашуда
дар соли 2010 ба ҳаҷми 650 000 ҳаз.сомонӣ баробар
буда, ин нишондод дар соли 2011 ба 700 000 ҳаз.сомонӣ
расидааст, ки дар ҳаҷми 50 000 ҳаз.сомонӣ
афзуда, 7,69%-ро ташкил додаст.
Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда
соли 2010 ҳамагӣ 25 000 ҳаз.сомониро дар бар
гирифта, соли 2011 ба 30 000 ҳаз.сомонӣ расидааст,
ки дар соли 2011ба 5 000 ҳаз.сомонӣ зиёд гардида,
20%-ро ташкил медиҳад.
Воситаҳои қарзӣ соли 2010 ҳамагӣ
4 565 000 ҳаз.сомонӣ буда, дар соли 2011 ба 2 588
000 ҳаз.сомонӣ расидааст, ки ин нишондод
дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 дар ҳаҷми
1 977 000 ҳаз.сомонӣ кам гардида, 56,69%-ро ташкил
медиҳад.
Қарздории кредиторӣ дар солҳои
ҳисоботии 2010 ва 2011 дар ҳаҷми зиёд афзудааст.
Агар ба таври амиқ шарҳ диҳем, дар соли
2010 ҳаҷми қарздории кредиторӣ 1 480 000 ҳаз.сомонӣ
буда, дар соли 2011 ба 4 586 500 ҳаз.сомонӣ
расидааст, ки дар соли 2011 нисбат ба соли
2010 ин нишондод 3 106 500 ҳаз.сомонӣ афзудааст
ва 209,9%-и афзоишро ташкил медиҳад.
Ҳамагӣ пассивҳо мувофиқи натиҷаҳои
таҳлили уфуқӣ 7 912 300 ҳаз.сомонӣ дар соли
2011 ва 6 721 500 ҳаз.сомонӣ дар соли 2010 буда,
дар ҳаҷми умумӣ ба 1 190 800 ҳаз.сомонӣ зиёд
гардидааст, ки ин суръати афзоиш 17,72%-ро
ташкил медиҳад ва аз он шаҳодат медиҳад,
ки қисми пассивии тавозуни корхона ба
ҳамин миқдор афзудааст.
Тағйирёбии нишондиҳандаҳои
тавозунро боз ба таври кушод ва фаҳмо
дар диаграммаи расми 1.3 дидан мумкин аст,
ки мувофиқи маълумотҳо ва натиҷаҳои таҳлили
уфуқии қисми пассивии тавозун, ки дар
ҷадвали 1.3 оварда шудааст, тасвир карда
шудааст:
Расми 1.3 Диаграммаи таҳлили
уфуқии қисми пассивии тавозун
Ҷадвали 1.4
Таҳлили амудии пассивҳои ҶДММ
«Ромашка»
Номгӯи ҳисоби тавозунӣ
Солҳои ҳисоботӣ
Таҳлили амудӣ
Пассивҳо
Соли 2011
Соли 2010
Вазни қиёсӣ (фоиз,%)
Вазни қиёсӣ (фоиз,%)
Фарқият
Сармояи оинномавӣ
1 500
1 500
0,02
0,02
0,00
Баҳодиҳии дороиҳои ғайригардон
1 800
0
0,02
0,00
0,02
Фоидаи тақсимнашуда
700 000
650 000
8,85
9,67
-0,82
Ӯҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда
30 000
25 000
0,38
0,37
0,01
Воситаҳои қарзӣ
2 588 000
4 565 000
32,71
67,92
-35,21
Қарздории кредиторӣ
4 586 500
1 480 000
57,97
22,02
35,95
Баҳодиҳии ӯҳдадориҳо
4 500
0
0,06
0,00
0,06
Ҳамагӣ - пассивҳо
7 912 300
6 721 500
100,00
100,00
0,00
Информация о работе Таҳлил ва идоракунии захираҳои молиявии корхона дар мисоли ҶДММ “Ромашка”