Хавф ва даромад дар менеҷменти молия

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 20 Октября 2013 в 16:59, курсовая работа

Краткое описание

Волоконно-оптические системы связи – комплекс технических средств работающих на основе волоконно-оптического каебля.
Волоконно-оптическая линия связи – линия связи работающая на основе волоконно-оптического кабеля.
Волоконно-оптический кабель – кабель который состоит из оптический прозрачного материала.
Оптическое волокно - это диэлектрическая структура, по которой распространяется оптический сигнал.
Волоконная оптика - раздел прикладной науки и машиностроения, описывающий волокна из оптического прозрачного материала.

Содержание

Муқадимма
Боби 1.Асосҳои назариявии идоракунии хавф ва даромад
1.1. Мафхум ва мохияти хавф ва даромад дар шароити иктисоди бозоргони
1.2. Усулхои баходихии хавфхо ва даромадхо
Боби 2. Тахлили идоракунии хавф ва даромад дар корхона
2.1.Тахлили холати молияви ҳамчун нишондиҳандаи ахбороти корхона
2.2.Тахлили нишондихандахои бозоргирии КМ «Ҷавони»
Хулоса
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

Прикрепленные файлы: 1 файл

кори курси.doc

— 393.50 Кб (Скачать документ)

 

2.2.Тахлили  нишондихандахои бозоргирии КМ  «Ҷавони»

 

Коэффитсиенти  бозоргирии  корхона  ба  саволи  оё  корхона  ӯҳдадориҳояшро  дар  вақташ  пардохт  карда  метавонад  ё  не  ҷавоб  медиҳад.

Коэффитсиенти  бозоргирии  ҷорӣ. Ин  нишондиҳанда  барои  КМ «Ҷавони»  чунин ҳисоб карда мешавад:

      К.л.ҷорӣ= Активҳои  гардон/Ӯҳдадориҳои   кӯтоҳмуддат (2.1)

 

Соли 2010=80379/71222=1,12                               Соли 2011=104493/61322=1,7

 

Аз  рӯӣ Стандартҳои  Байналмиллалӣ   коэффитсиенти  мазкур бояд  дар  ҳудуди аз 1 то 2 қарор  дошта  бошад. Коэффитсиенти  ликвиднокии  ҷории  корхона  дар  соли  2010  ба  1,12  баробар аст. Ин  паст  аст, аммо  корхона метавонад    қарзҳоро аз ҳисоби  активҳои гардонаш   пурра рӯйпӯш намояд. Дар соли 2011 ин  коэффитсиент ба  1,7 баробар шуд, яъне ба  стандарт  ҷавобгӯ аст.

Коэффитсиенти  бозоргирии  мӯҳлатнок. Ҳангоми  тақсим  карадани  воситаҳои  асосӣ (ба  ғайр  аз  захираҳо)  ба  ӯҳдадориҳои  кӯтоҳмуддат  ҳосил  мешавад:

 

К.л.мӯҳлатнок=Вос. гардон-Захираҳо/Ӯҳ. Кӯтоҳмуддат (2.2)

 

Соли 2010=80379-50011/71222=0,42      Соли 2011=104493-40889/61322=1,03

 

Меъёри  коэффитсиенти  мазкур  аз  0,6-0,8  мебошад. Коэффитсиенти мӯҳлатноки  корхона дар  соли  2010  ба  0,42  баробар  аст , аз  меъёр  паст. Агар корхона  ӯҳдадориҳои  дебиториашро  ҷамъ намояд  он  метавонад  захираҳояшро  нафурӯхта  ӯҳдадориҳои қарзиашро  пардохт кунад. Соли  2011  ин  нишондод  ба  1,03  баробар  шудааст, яъне  аз  ин  бармеояд, ки корхона  пурра  метавонад  ӯҳдадориҳояшро  пардохт намояд.

Коэффитсиенти бозоргирии  мутлақ, ҳангоми  тақсим кардани воситаҳои  пулӣ  ба  ӯҳдадориҳои  кӯтоҳмуддат ҳосил  мешавад:

 

        К.б.мутлақ=Воситаҳои  пулӣ/ Ӯҳ. Кӯтоҳмуддат                              (2.3)

 

Соли 2010=3342/71222=0,04                            Соли 2011=11050/61322=0,18

 

Меъёри  ин  коэффитсиент  ба  0,1  то 0,3  баробар  аст. Коэффитсиенти мутлақи  КМ «Ҷавони»  дар соли  2010  ба  0,04  баробар буд, яъне  аз  меъёр паст. Соли  2011  бошад ин  нишондод  ба 0,18  расид. Аз  ин  бармеояд , ки  воситаҳои пулии  корхона  нисбати  соли гузашта зиёд  шудааст.

Сармояи  софи  гардон. Ҳангоми  аз активҳои  гардон  тарҳ  кардани ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддат ба  вуҷуд меояд:

 

С.с.гардон=Вос.гардон-Ӯҳ. Кӯтоҳмуддат(2.4)

 

Соли 2010=80379-71222=9157                   Соли 2011=104493-61322=43171

 

Коэффитсиенти мазкур  барои  дастгирии  устувории  молиявии  корхона  лозим  аст. Аз  ӯҳдадориҳои  кӯтоҳмуддат  зиёд  будани  воситаҳои  гардон онро  мефаҳмонад, ки  корхона    ӯҳдадориҳояшро  пурра  рӯйпӯш  мекунад ва  захираҳои  молиявии  боқимондаро    барои  васеъкунии   фаъолияти  оянда  истифода барад.

Даромаднокии  тиҷорат- ин  натиҷаи  охирини  ҳаракати  як  қатор  қарорҳо  ва  сохтори  корхона  ба  ҳисоб  меравад. Даромаднокии  фурӯш  ҳангоми  тақсим  кардани  фоидаи  соф  бар  даромад  ҳосил  мешавад:

 

R. фурӯш=Фоидаи соф/ даромад              (2.5)

 

Соли 2010=9729,97/85085=0,11(11)       Соли 2011=13990,1/96008=0,14(14%)

 

Аз  ин  бармеояд, ки  ҳар  як  сомони  даромад  аз  фурӯш  0,11  сомон фоидаи  соф  овардааст. Хароҷотҳои  корхона  зиёд  аст.

Даромаднокии  активҳо  муносибати  фоидаро  ба  ҳаҷми умумии активҳо  нишон  медиҳад:

 

R.актив=Фоидаи  соф/ Активҳо               (2.6)

 

Соли 2010=9729,95/238822=0,04(4%)   Соли 2011=13990,1/270643=0,05(5%)

 

Даромаднокии  актив  онро  нишон  медиҳад, ки чанд  сомон  барои ба даст  овардани  як  сомон фоида  сарф  шудааст.

Даромаднокии  сармояи  худӣ ин  вобастагии  фоида  аз  сармояи  худӣ  мебошад, ки бо  чунин  формула  ҳисоб  карда  мешавад:

 

R.с.худӣ=Фоидаи соф/ Сармояи худӣ                                (2.7)

 

Соли 2010=9729,95/167600=0,05(5%)     Соли 2011=13990,1/209321=0,06(6%)

Даромаднокии  сармояи  худӣ  истифодабарии  самараноки  сармояи  худиро  муайян  мекунад. Он  нишон  медиҳад, ки  ҳар як  сомони  сармоя  чанд  сомон  фоида  овардааст. Дар  соли  2010  ба  ҳар  як  сомони  сармояи  худӣ  0,05  сомон  фоидаи  соф  рост  меояд, дар  соли  2011  бошад  0,06  сомон.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Хулоса

Ҳамин тавр зери мафҳуми хавф мо дарк намудем ки он кисми ҳаёти пешбини намудаи мо будааст Хавф дар ҳамаи ҳаёти инсоният арзи вуҷуд дорад.

Инчунни ҳолатест ки бо моли худ боигари маблағ тавон намуда инчунин меҳнат ва вакт  сарф менамояд.

Беш аз он ки соҳибкор ё гирем истеҳсолкунанда ягон корро фикр карда барояд бояд ӯ пурра паҳлӯҳҳои онро омӯхта барояд зеро ин хело муҳим аст.

Ҳамаи одамон гуногунанд ҳастанд одамоне ки ба оҳистаги фаъолият мебаранд.

Одамоне ки низ ҳастанд ки дар хавф фаъолият мебараранд. Шахсони оҳистакор ҳеҷ гоҳ фаъолиятро оғоз наменамоянд. Аммо шахсони тавоникор ин корро санҷида мебароянд.

Аммо  шахсе  ки бо сурати тавони бовари намудааст  моли зиёд истеҳсол намудааст албатта метавонад ба мувоффияти баланд сазовор гардад.

Аз ин лиҳоз қайд кардан ба  маврид аст, ки  вазифаи асосии истеҳсолкунанда  пеш аз ҳама кадр намудани хавф буда бояд  ба он  нуқта аҳамият диҳад зеро он ки  коршиносон дар ҳамин ақидаанд.

Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон бозори саҳмияҳо на он кадар хуб ба рох монда  шудааст боби дуввум ин тахлили нишондихандахои корхона мебошад, ки коэфитсенти бозоргирии ҷори корхона дар соли 2010 ба 1.12 ва соли 2011 ба 1.7 маротиба баробар аст ва ин нишондиханда мусби мебошад зиёд шуда истода аст ин ба мо аз он шаходат медихад ки корхона 1.7 маротиба ухдадорихои худро руйпуш карда метавонад.

Даромаднокии фуруш дар  соли 2010 ба 11% ва дар соли 2011 3% зиёд шудааст, ки он аз он шаходат медихад, ки активхои корхона даромади мусби оварда истодааст аз он фоидаи софи корхона зиёд мебошад.

Даромаднокии сармояи  худи дар соли 2010 ба 5% ва дар соли 2011 1% зиёд шудааст нисбат ба соли 2010 ки он ба мо аз он шаходат медихад, ки вобастагии фоида аз сармояи худи ва самаранок истифодабарии онро мефахмонад ин нишондиханда мусби мебошад.

Аз рӯи таҳлили  гузарондашуда маълум шуд, ки корхони дар сатҳии миёна қарор дорад ва дар солхои охир баланд рафта истодааст. Тамоми нишондиҳандаҳои таҳлилшуда ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ буда, фаъолияти асосии корхона пеш рафта истодааст, ки аз он шаҳодат медиҳад, ки барои боз ҳам пеш рафтани фоъолият асосан бояд истеҳсолотро ба пеш монад. Сифатнокии маҳсулоти истеҳсолкардаашро баланд гардонад, то ки фоида зиёд гирад. Махсусан дида мебароем, ки сатҳи муфлисшавии корхона хеле паст мебошад, ки корхона метавонад фаъолияти худро давом диҳад.

 

 


Информация о работе Хавф ва даромад дар менеҷменти молия