Автор работы: Пользователь скрыл имя, 20 Октября 2013 в 16:59, курсовая работа
Волоконно-оптические системы связи – комплекс технических средств работающих на основе волоконно-оптического каебля.
Волоконно-оптическая линия связи – линия связи работающая на основе волоконно-оптического кабеля.
Волоконно-оптический кабель – кабель который состоит из оптический прозрачного материала.
Оптическое волокно - это диэлектрическая структура, по которой распространяется оптический сигнал.
Волоконная оптика - раздел прикладной науки и машиностроения, описывающий волокна из оптического прозрачного материала.
Муқадимма
Боби 1.Асосҳои назариявии идоракунии хавф ва даромад
1.1. Мафхум ва мохияти хавф ва даромад дар шароити иктисоди бозоргони
1.2. Усулхои баходихии хавфхо ва даромадхо
Боби 2. Тахлили идоракунии хавф ва даромад дар корхона
2.1.Тахлили холати молияви ҳамчун нишондиҳандаи ахбороти корхона
2.2.Тахлили нишондихандахои бозоргирии КМ «Ҷавони»
Хулоса
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик М.С Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд
Факултет: Муҳандисӣ-иқтисодӣ
«Тасдиқ мекунам»
Мудири кафедра
«___»_________2013 сол
Кори курсӣ
Аз фанни «Менеҷменти молия»
Мавзӯъ: «Хавф ва даромад дар менеҷменти молия»
Иҷрокунанда: Рачабов Нозимҷон /_______ /
Курс 3 гурӯҳи 25.01.04 та
Роҳбар: Комилова Мухбира /_______ /
Натиҷаи ҳимоя
№ кӯшиш |
Баҳо |
Сана |
Имзо |
Кӯшиши 1 |
|||
Кӯшиши 2 |
|||
Кӯшиши 3 |
Мундариҷа
Муқадимма
Боби 1.Асосҳои назариявии идоракунии хавф ва даромад
1.1. Мафхум ва мохияти хавф ва даромад дар шароити иктисоди бозоргони
1.2. Усулхои баходихии хавфхо ва даромадхо
Боби 2. Тахлили идоракунии хавф ва даромад дар корхона
2.1.Тахлили
холати молияви ҳамчун
2.2.Тахлили нишондихандахои бозоргирии КМ «Ҷавони»
Хулоса
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда
Муқадимма
Мафҳуми хавф ин элементест, ки ҳама гуна масъалаҳои хоҷагидириро ҳал менамояд, зеро он ки хавф хислати пайдоишро дорост дар шароити хоҷагидори. Имрӯзҳо мо бо мафҳум хавф ва «номуайян» – ро ҷудо карда наметавонем хавф чунин ҳолатест ки вақте ки ягон ҳодисаи ғайричашмдошт мешавад метавон онро алоҳида қайд намуд номуайяни ин ҳолатест онро пешаки баҳогузори карда наметавон. Дар ҳолати ҳақиқи инро истеҳсолкунандаи дарк менамояд, зеро он ки онҳо ҳамеша хавф фаъолиятро онҳо як катор корҳои номуайяни решаги шудааст.
Қонунгузорон ҳаминтавр меҳисобанд ки фаъолияти истеҳсолкунандагон ин хавф аст. Фаъолият ва иштироки истеҳсолшудагон дар шароит ва муносибатҳои бозори рақобатпазири идоракуни дар вазни иқтисодии кишвар мо гуфта наметавонем ки он пурра бо ҳамаи бо ҳалли ҷабҳа тарафҳояш муайян аст ва моҳияти ҳисоб карда шудааст.
Аз асосу далелҳои имрӯза бармеояд ки ба як катор омадани одамон фаъолияти онҳоро пешгӯи карда наметавонад бисёре аз қабулҳои истеҳсолкардагон ба тайёри сурат мегирад.
Хавф ин таҷрибаи фаъолияти шахс мебошад. Имрӯзҳо таваҷҷӯҳи ҳангоми маҳз ба ҳамин самт нигаронида шудааст ки оё аз хавф бурд мекунанд ё не.
Хатти асосии истеҳсолкарда ин пеш аз ҳама хавфе буда аз корҳои ташкили оғоз меёбад.
Ҳар як кори ташкилот аз хавф мебошад аз даст додани мол, боигари, маблағ, ин дар ҳамаи намудҳои соҳаи итисодиёт сарфи меҳнат ва овардани зарари сахт ин аст натиҷаи кори истеҳсолкардаи хавф ва доранд бо ҳамдигар вобастаги дорад ва рост мегӯянд. Агар соҳибкор нақшаи кори худро дошта бошад, албатта хавфро ба доромад метавонад мубаддал намоед. Муносибат бо хавф ва даромад (бо забони англиси Nish-return tredeopp) ин фаҳмиши чуқур буда барои ҳамаи инвесторҳо даромадноки аз хавф аст муайян шудааст. Ин мафҳумро ҳамин тавр ҳам фаҳмидан мумкин аст, чи қадаре, ки хавф зиёд бошад ҳамон кадар даромаднокии зиёд ба даст меояд.
Хавф низ бояд масад маросим худро дошта бошад зеро даромаднокии пурмақсад аз хавф мебошад.
Мақсади кори курсии ман ин аз коркарди чорабиниҳо оид ба «Хавф ва даромад дар менеҷменти молия» мебошад.
Барои ноил гаштан ба чунин мақсад дар кори курсии ман чунин вазифаҳо иҷро карда мешаванд:
Кори курсӣ дар мавзӯи “Хавф ва даромад дар менечменти молия” аз муқаддима, 2 боб, хулоса, рӯйхати адабиётҳои истифодашуда иборат мебошад..
Дар боби якум асосхои назариявии хавф ва даромад дар менечменти молия оварда шудааст.
Дар боби дуюм тахлили холати молияви ва нишондихандахои бозоргирии КМ “Ҷавони”. Аз чумла даромаднокии активҳо, рентабелнокии фуруш, даромаднокии сармояи худии корхона ва тағйирёбии онҳо гузаронида шудааст.
Дар охир натичахои тахлил ва омузиш ҷамъбаст карда шуда хулосахои зарури бароварда шудааст.
Кори курси аз 34 сахифаи чопи ,аз чумла 2 расм, 4 чадвал, иборат аст.
Боби 1.Мафхум ва мохияти хавф ва даромад дар шароити иктисоди бозоргони
Таърихи инкишофи малакаҳо дар хоҷаги ҷаҳони нислои медиҳад ки ягон мамлакат ба тагмини рушди итисоди наметавонад оибатҳои бӯҳронҳои итисодиро бартараф намояд.
Хавф ин ҳодисаи ногоҳии аз додани мол ё гирем даромади ба даст ноомад мебошад.
Хавф чунин хислатҳоро дорост хотарнокии дар истеҳсолот аз даст додани моли зиёд даромаднокии ё ин ки гарем моликияти шахси маблағ ки ҳамаи ин дар натиҷаи тайғир ёфтани вазъи итисодии кишвар мебошад.
Хавф метавонад шавад ё не. Дар ин навбат се натиҷаи вазъи иқтисодиро пешгири намуданд.
- макори зиёл бойдодан аз дастдодан
- аз нав оғоз намудан
- мусби (бурд кардан, даромадноки, фоида)
Хавфро аз рӯи натиҷаҳои вобастагиаш метавон ба ду гуруҳ ҷудо намуд.
- соф
- омехтанамуда
- Хавф соф ин фаъолиятест, ки ягон кори Шумо маҳсул надод.
Ба ин хавф доими мешавад:
сиёсат, нақлиёт, таббий, хоҷаги ва хавф тиҷорати ба инҳо дохил мешаванд моликияти шахси истеҳсоли соҳаи савдо
- Хавф олимишуда бошад ин ҳолати мӯътадил нигоҳ доштани натиҷаи манфи мебошад.
Даромад ин сарчашмаест ки аз фаъолияти самаранок вобастаги дорад. Кайд кардан зарур аст ки дар кадом ҳолатҳо даромадноки зиёд мегардад албатта ин ҷо як чанд паҳлӯҳои он санҷида барома шудааст.
Ҳар як соҳибкорро зарур аст ки пеш аз оғоз намудан ба ягон фаъолият аввал бозорро бояд омӯхта агар хавф бузург бошад ин ҷо ба гумон аст ки даромаднокии зиёд ба даст оварда тавонист.
Аз санҷишҳо бармеояд ки даромадноки ду намуд дорад
- асоснок
- интизори
Даромад ин нишондиҳандаи маблағи умуми буда аз фоидаи соф мебошад Ба даст овардан даромад ҳамеша вақтро талаб менамояд.
Мисол мегирем шумо дар як сол агар 1000 ҳазор сомон ба даст оред метавонед онро дар як моҳ ба даст оред.
Маблағ ба Шумо ба якбораги ба даст намеояд он вақтро талаб мекунад. Барои ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидан шуморо зарур аст ки ҳисобу китоби муҳосибиро дониста бошед. Формулаҳои даромадро бояд омӯхт даромадноки аз зиёд гардидани фоизҳо мебошад.
Хавфро ба усулҳои гуногун ҳисоб кардан мумкин аст ва вобаста ба истифодабарии технологияи ҳисобкунии бо активҳо алоқаманд будани он, хулосаҳои гуногун баровардан мумкин аст. Таҳлили хавф хеле душвор аст, аммо он фоидаовар ва самаранок мешавад, агар шумо инхоро дар хотир доред.
Фарз карда мешавад, ки активҳои молиявӣ ҷараёни пулиро ба вуҷуд меорад ва хавфи бо активҳо алокаманд буда дар истилоҳи хавф ҷараёни воситаҳои пулии онҳо баҳо дода мешавад.
Хавфи активҳоро бо ду усул дида баромадан мумкин аст:
- ҳамчун хавфи автономӣ дар вақти таҳлили ҷараёни воситаҳои пулии активҳо ба вуҷуд оваранда;
- хавфи активи дар ҷузвдон буда, вақте ки ҷараёни воситаҳои пулии дар назди активҳо бавуҷуд омадаи якбора нигоҳдошташудаи инвеcтор якҷоя карда шуда, баъд якҷоя таҳлил карда мешавад. Байни хавфи автономӣ ва хавфи ҷузвӣ (портфель) фарқият мавҷуд аст, активи хавфи дараҷаи калон дошта худ аз худ маълум мешавад, ки чӣ қадар хавфнок аст, агар ба ҷузвдони калони диверсионӣ дохил карда шуда бошад.
Хавфи активҳоро ба ду ташкилкунанда ҷудо кардан мумкин аст: а) хавфи диверсионӣ, ки бо баробари дохил кардани актив дар ҷузвдон бо дигар активҳо ва он ки инвестори диверсионӣ надорад бартараф кардан мумкин аст;
б) хавфи бозорие, ки ба хавфи саҳмияи бозорӣ инъикос меёбад, умуман бо ёрии диверсификатсия онро бартараф кардан мумкин нест. Аз ҳамин сабаб аз ҳавфи бозорӣ ҳамаи инвестороне, ки воситаҳои худро ба саҳмия гузошта буданд зарар мебинанд.
Даромаднокии инвеститсия. Барои амали гаштани инвеститсияҳо инсон ё корхона имрӯз маблағҳои зиёдро, бо мақсади дар оянда, гирифтани маблағи зиёд сарф мекунанд. Барои боз ҳам фаҳмотар шудан, фарз мекунем, ки Шумо 10 саҳмия бо арзиши 100 сомонӣ мехаред. Дар ин маврид ба саҳмия дивиденд дода намешавад, аммо пас аз як сол метавонед онро бо арзиши 1100 сомонӣ фурӯшед. Шумо аз маблағи гузоштаи худ чӣ қадар даромад мегиред, 1000 сомонӣ, магар?
Усули оддии ифодаи он – бо ифодаи пулӣ. Даромад бо ифодаи пулӣ – ин афзоиши арзиши маблағи гузошташударо ифода мекунад.
Фоида = Маблағи гирифташуда – Маблағи гузошташуда =
1100 – 1000 = 100 сомонӣ
Агар Шумо дар охири сол саҳмияи худро ҳамагӣ ба 900 сомонӣ мефурухтед, фоида бо адади манфии 100 сомониро ташкил медод.
Ҳангоми хариди қоғазҳои қиматнок инвестор ҷузвдони инвеститсионии худро ташкил медиҳад. Ҷузвдон - маҷмўи арзишҳои гуногуни инвеститсионӣ (қоғазҳои қиматнок ва дигар активҳои молиявӣ) мебошад, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххаси инвеститсионӣ ва ноил шудан ба мақсад хизмат менамоянд.
Вазифаи асосии маблағгузории ҷузви - таъмини маҷмўи қоғазҳои қиматноки ба таркиби ҷузвдон даровардашуда мебошад, ки ин барои расидан ба мақсади маблағгузори зарур аст ва дар алоҳидаги тавассути як қоғази қиматнок ба он расидан ғайриимкон аст. Мақсадҳои дилҳоҳи инвеститсионӣ ба воситаи ҳаракат додани сохтори қоғазҳои қимматноки дар ҷузвдон мавчудбуда амали мегарданд. Ҳадафи асосии ташаккули ҷузвдони қоғазҳои қиматнок таносуби беҳтарин байни хавф ва даромаднокӣ (ташаккули ҷузвдони оптималӣ (мусбӣ) барои инвестор мебошад.
Ба даромаднокӣ ва хавфнокӣ назар карда, аксар вақт ду навъи ҷузвдон муайян карда мешавад:
-ҷузвдони даромад, ки ба гирифтани даромаднокӣ аз ҳисоби фоиз ва дивидендҳо боафзалият равона аст;
-ҷузвдони инкишоф, ки ба зиёд шудани арзиши қурбии арзишҳои дохили ҷузвдон равона карда мешавад;
Принсипи асосии маблағгузории ҷузви принсипи диверсификатсия (инкишофи гуногунҷониба), ки моҳияташ дар он аст, ки ҳамаи захираҳои инвеститсиониро танҳо ба қоғазҳои қиматнок гузоштан мумкин нест. Ин мавқеи нигоҳдоранда инвесторро аз харчҳои чидди эмин медорад. Намуди аз ҳама оддии диверсификатсия тақсимоти оддии захираҳои инвеститсионӣ байни якчанд қоғазҳои қиматнок бе таҳлили чузъии онҳо мебошад.
Барои муайян кардани даромаднокии ҷузвдон, ки аз миқдори N қоғазҳои қиматнок дар охири давраи n иборат аст, бо формулаи зерин муайян кардан мумкин аст:
,
дар ин ҷо
Di - саҳми намуди мушаххаси қоҳазҳои қиматнок дар
ҷузвдон дар лаҳзаи ташаккули он;
ri - даромаднокии интизоршавандаи i қоғази қиматнок;
Хавфи ҷузвдон бо тамоили миёнаи квадратии даромаднокии воқеиву интизоршавандаи ҷузвдон ҳисоб шуда, бо формулаи зерин муайян карда мешавад:
;
дар ин ҷо
Di и Dj- саҳми активҳои j ва i дар арзиши аввалаи
ҷузвдон;
COVij – ковариатсия.
Ковариатсияи даромаднокиҳои интизоршаванда аз рўи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
;
дар ин ҷо - коэффитсиенти номутаносибии байни
даромаднокиҳои интизоршавандаи активҳо;
- тамоили миёнаи квадратии даромаднокии активи i;
- тамоили миёнаи квадратии даромаднокии активи j;
Тамоили миёнаи квадратии ҷузвдони инвеститсиониро муайян карда, ҷамъбандии дукаратаро иҷро кардан лозим аст.
Хавфи ҷузвдони инвеститсиониро ҳангоми ба активи бехавф (активи бехавф - қоғазҳои қиматноки аз ҷониби давлат эмиссияшаванда) дохил кардани он бо формулаи зерин муайян кардан мумкин аст:
σбр = Dn*σn;
дар ин ҷо σбр - хавфи ҷузвдон баъди ба таркиби активи бехавф