Хавф ва даромад дар менеҷменти молия

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 20 Октября 2013 в 16:59, курсовая работа

Краткое описание

Волоконно-оптические системы связи – комплекс технических средств работающих на основе волоконно-оптического каебля.
Волоконно-оптическая линия связи – линия связи работающая на основе волоконно-оптического кабеля.
Волоконно-оптический кабель – кабель который состоит из оптический прозрачного материала.
Оптическое волокно - это диэлектрическая структура, по которой распространяется оптический сигнал.
Волоконная оптика - раздел прикладной науки и машиностроения, описывающий волокна из оптического прозрачного материала.

Содержание

Муқадимма
Боби 1.Асосҳои назариявии идоракунии хавф ва даромад
1.1. Мафхум ва мохияти хавф ва даромад дар шароити иктисоди бозоргони
1.2. Усулхои баходихии хавфхо ва даромадхо
Боби 2. Тахлили идоракунии хавф ва даромад дар корхона
2.1.Тахлили холати молияви ҳамчун нишондиҳандаи ахбороти корхона
2.2.Тахлили нишондихандахои бозоргирии КМ «Ҷавони»
Хулоса
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

Прикрепленные файлы: 1 файл

кори курси.doc

— 393.50 Кб (Скачать документ)

 

Ҳисобот  оиди  фоида  ва  зарар – ҳисоботи  молиявӣ  дар давраи  муайян  мебошад, ки  дар  он  ҳамаи  хароҷотҳо  ва  даромадҳо  нишон  дода  мешаванд. Дар  ҳисобот  аввал ҳамаи  даромадҳо (ҳаҷми  умумии  фурӯш) ва  ҳамаи  хароҷотҳо, ки  корхона  кардааст, ҷамъ карда  мешаванд. Сипас  хароҷотҳо  аз  даромадҳо  тарҳ  карда  мешавад, ки  он  фоидаи  софи  корхонаро  ифода  мекунад. Намунаи  ҳисобот оиди  фоида  ва  зарари КМ «Ҷавони»  дар ҷадвали 2.2  оварда  шудааст.

Ҷадвали 2.2

Ҳисобот  оиди  фоида  ва  зарар дар  КМ «Ҷавони»

 

Ноигӯи  нишондодҳо

2010

2011

Даромад

85085

96008

Арзиши аслии маҳсулоти  фурӯхташуда

58619

61893

Фоидаи  умумӣ

26466

34115

Хароҷотҳои тиҷоратӣ

9408

12115

Хароҷотҳои идоравӣ

5905

5120

Дигар даромадхои амалиёти

35082

44617

Дигар харочотҳои амалиётӣ

34756

44994

Фоидаи амалиётӣ

11479

16503

Даромдахои ғайриамалиётӣ

18

22

Харочотҳои ғайриамалиётӣ

50

66

Фоидаи то андозбандӣ

11447

16459

Меъёри надоз

15%

15%

Андоз

1717,05

2468,85

Фоидаи соф

9729,95

13990,2


 

         Аз  рӯи нишондодҳои дар ҷадвали 2.1  оварда  шуда  таҳлили уфуқӣ ва  амудии  корхонаи  КМ «Ҷавони»-ро  мегузаронем.

Таҳлили  уфуқӣ. Дар  раванди  таҳлил аввал   динамикаи  баланс ва  тағйирёбии  таркиби  онҳоро  омӯхта  сипас  баҳогузорӣ мекунем. Дар  таҳлили  уфуқӣ  ҳар як  нишондоди  ҳозираи  баланс  бо  нишондодҳои  давраҳои  гузашта  муқоиса  карда  мешавад.

 

 

 

 

Ҷадвали 2.3

Таҳлили  уфуқии  активҳои  тавозуни корхонаи КМ «Ҷавони» барои солҳои 2009-2010

Номгӯи нишондодҳо

Солхо

Тагирёби (+;-)

2010

2011

мутлақ

Нисбӣ

Активхои  ғайримоддӣ

7

15

8

114,29

Воситаҳои асосӣ

99821

135505

35684

35,74

Истеҳсолоти нотамом

58567

30284

-28283

-48,29

Маблағгузориҳои молиявии дарозмуддат

48

346

298

620,83

Захираҳо

50011

40889

-9122

-18,24

ААИ барои сарватҳо

933

3162

2229

238,91

Ӯҳдадории  дебиторӣ

26093

48124

22031

84,43

Маблағгузорихои молиявии кӯтоҳмуддат

 

1268

1268

0

Воситаҳои пулӣ

3342

11050

7708

230,64

Ҳамагӣ активҳо

238822

270643

31821

13,32


 

Аз  натиҷаи  нишондодҳои  дар  ҷадвал  овардашуда  маълум мешавад,  ки  сумаи  активҳои  ҶДММ КМ «Ҷавони»дар  соли  2010  ба  238822 сомонӣ  баробар  буда  соли  2011  он  ба 31821 (+13%) сомонӣ  зиёд шуд  ва   270643  сомониро   ташкил  дод.  Аз  рӯи  нуқтаи  назари  активҳо  зиёдшавӣ  асосан  аз  ҳисоби  воситаҳои  асосӣ  ба  вуҷуд  омадааст, ки  дар  соли  2011  ба  35284  сомонӣ (+35,7%)   афзуд.

Воситаҳои  пулӣ  дар соли  2010  3342  сомонро  ташкил  медод,  соли  2011 бошад  он  7708  сомонӣ  зиёд шуда  ба  11050  сомон  расид.  Ӯҳдадориҳои  дебиторӣ  дар  соли  2010  26093 сомонро  ташкил  медод,  ин  нишондод  соли  2011 ба  22031 сомон (+84,4%)  зиёд  шуда  ба  48124  сомон расид. Дар  натиҷаи таҳлил  гуфтан  мумкин  аст,  ки корхона  инкишоф  ёфта  истодааст.

 

Ҷадвали 2.4

Таҳлили  уфуқии  қисми  пассивии  тавозуни  КМ «Ҷавони»

Номгӯи  нишондодҳо

Солхо

Тагирёби (+;-)

2010

2011

мутлақ

Нисби

Сармояи оинномавӣ

25000

50000

25000

100

Сармояи иловагӣ

76000

98300

22300

29,34

Сармояи захиравӣ

49000

50500

1500

3,06

Маблағгузории мақсаднок

9600

 

-9600

-100

Фоидаи тақсимнашуда

8000

10521

2521

131.5

Қарзҳо

35400

5500

-29900

-84,46

Ӯҳдадории кредитори

32892

55812

22920

69,68

Дигар кредиторон

2800

 

-2800

-100

Даромади давраҳои оянда

 

10

10

0

Захираҳои харочотҳои оянда

130

 

-130

-100

Ҳамагӣ пассив

238822

270643

31821

13,32


 

Чуноне, ки аз  натиҷаҳои  ҷадвал  маълум  аст, сармояи  оинномавии  корхона  соли  2011  нисбат  ба  соли  2010  25000  сомон(+100%)  зиёд  шудааст. Сармояи  иловагӣ  соли  2010  76000  сомонро  ташкил  медод, ин  нишондод  соли  2011  ба  22300  сомон (+29,3%)  зиёд  шуд ва  ба  98300  сомон расид.

Ӯҳдадории  кредиторӣ  дар  соли  2011  нисбати  соли  2010  ба  22920  сомон (+69,6%)  зиёд  шуда  55812  сомонро  ташкил  дод, аз  ин  бармеояд, ки  қарзи  корхона  афзудааст.

Таҳлили  амудӣ

Таҳлили  амудӣ  омӯхтани  тағйирёбии  вазни қиёсии  актив ва  пассиви тавозунро бо  худ ифода мекунад. Дар ҷадвали поён таҳлили амудии  қисми активи  тавозун оварда  шудааст.

 

 

 

Ҷадвали  2.5

Таҳлили амудии қисми  активи  барои  солҳои 2010-2011

Номгӯи  нишондодҳо

солхо

Вазни киёси

2010

2011

2010

2011

Активҳои  ғайримоддӣ

7

15

0,003

0,005

Воситаҳои асосӣ

99821

135505

41,79

50,06

Истеҳсолоти нотамом

58567

30284

24,52

11,19

Маблағгузориҳои молиявии дарозмуддат

48

346

0,02

0,12

Ҳамагӣ

158443

166150

66,34

61,39

Захираҳо

50011

40889

20,94

15,1

ААИ барои сарватҳо

933

3162

0,39

1,16

Ӯҳдадории  дебиторӣ

26093

48124

10,92

17,78

Маблағгузориҳои молиявии кӯтоҳмуддат

 

1268

0

0,46

Воситаҳои пулӣ

3342

11050

1,39

4,08

Ҳамагӣ

80379

104493

33,65

38,60

Ҳамагӣ активҳо

238822

270643

100

100


 

Дар сохтори  активи  тавозуни  КМ «Ҷавони»  ҳиссаи  аз  ҳама  калонро дар соли  2010  воситаҳои асосӣ ташкил  медиҳад, ки 

41,7 %-и ҳаҷми   умумии  активҳоро   ташкил  медиҳад. Соли  2011  бошад   ин  нишондод  50 %-и  активро  ташкил  дод. Тенденсияи  зиёдшавии ин  намуди  актив ба  назар мерасад.

Захираҳо  дар  соли 2010  20,9 %-и  активҳоро  ташкил  медод  ва  соли 2011  бошад  он  ба  15,1 % паст шуд,  яъне  камшавии  захираҳо ба  назар  мерасад.

Дар  расми  поён  таркиби  активҳо  ба  таври  диаграмма  оварда  шудааст.

Расми 2.1 Таркиби активҳои  КМ «Ҷавони» дар соли  2010-2011

1-Воситаҳои   асосӣ, 2-истеҳсолоти нотамом, 3-захираҳо, 4-ӯҳдадориҳои дебиторӣ.

 

Ҷадвали 2.6

Таҳлили  қисми пассиви  тавозун

Номгӯи нишондодҳо

Солхо

Вазни киёси %

2010

2011

2010

2011

Сармояи оинномавӣ

25000

50000

 

10,46

18,47

Сармояи иловагӣ

76000

98300

31,82

36,32

Сармояи захиравӣ

49000

50500

20,51

18,65

Маблағгузории мақсаднок

9600

 

4,01

0

Фоидаи тақсимнашуда

8000

10521

3.35

3.89

Қарзҳо

35400

5500

14,82

2,03

Ӯҳдадории кредитори

32892

55812

13,77

20,62

Дигар кредиторон

2800

 

1,17

0

Даромади давраҳои оянда

 

10

0

0,003

Захираҳои харочотҳои оянда

130

 

0,05

0

Ҳамагӣ пассив

238822

270643

100

100


 

Дар  соли  2010  ҳиссаи  зиёди  пассивро  сармояи иловагӣ  ташкил  медиҳад, ки  ба  31,8%  баробар  аст. Дар  соли  2011  ин нишондод  36,2 %-и  пассивро  ташкил дод. Қарзҳо  соли 2010 14,8 %-и  пассивро  ташкил  медод ва  соли  2011  ба 2 %  паст шуд.  Ӯҳдадориҳои  кредиторӣ  соли  2010  13,7 %-и пассивро  ташкил  дода  соли  2011  ин  нишондод  ба 20,6 %  расид, яъне  зиёдшавии ин  намуди  пассив  ба  назар мерасад.

Дар  поён  таркиби  пассиви  корхона  барои  солҳои  2010-2011 ба  таври  диаграмма  оварда  шудааст.

Расми 2.2 Таркиби  пассиви  тавозуни  КМ «Ҷавони» барои солҳои  2010-2011

1-сармояи   иловагӣ, 2-сармояи  захиравӣ, 3-қарзҳо, 4-ӯҳдадории  кредиторӣ, 5-сармояи   захиравӣ.

Информация о работе Хавф ва даромад дар менеҷменти молия