Абдурраҳмони Ҷомӣ

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 30 Января 2013 в 09:54, биография

Краткое описание

Ҷомӣ олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст.
Ӯ адабиёти зиёда аз 500- солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст. Ҷомӣ ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикзабонон аст.
Тарҷумаи ҳол. Номи асосии ӯ Абдурраҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11- сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдурраҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд.

Прикрепленные файлы: 1 файл

АБДУРАҲМОНИ ҶОМИ.docx

— 39.51 Кб (Скачать документ)

АБДУРАҲМОНИ ҶОМИ

(1414-1492)

Ҷо.мӣ дар осори худ соҳирона такомули панҷсадсолаи адабиёти гузаштаро ҷамъбаст мекунад. Азрӯи осори Ҷомӣ бо камоли боварӣ метавон ҳукм кард, ки дар қарни XVазмероси гузашта чӣ чиз боқӣ монда ва чӣ аз байн рафтааст.

Е.Э.Бертелс

Ҷомӣ олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик  буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст.

Ӯ адабиёти зиёда аз 500- солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст. Ҷомӣ ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикзабонон аст.

Тарҷумаи ҳол. Номи асосии ӯ Абдурраҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11- сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдурраҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомй Абдулғафури Лорй чунин менависад: «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармуданд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, ки забон аз вай омӯхтаем».

Баъд аз ин Абдурраҳмон  дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия  таҳсили илмро давом медиҳад. Ў дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабй, асарҳои «Мухтасарулмаопӣ», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтозониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта, доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷаалии Самарқандӣ на Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ сабақ мегирад.

Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро  ва ақпи расо дошт. У дорои хислати аҷибе буд: ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқидӣ, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рагбат дошт. Ҷомй ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. Ӯ монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамоӣ намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ қатъӣ буданд ва факту далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираҳои муллобачагон голиб мебаромад. Қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз ӯхдаи даре до дани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулвақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ нақли аҷибе овардааст, ки он «Хамсаи мутаҳайира» («Панҷгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад.

Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷӯ. Ҳоло онҳо дар ҳуҷраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно  Муҳаммади Ҷоҷармӣ вориди ҳуҷра  шуд. Шогирдон- Абдурраҳмон, Ҳусайн, Шамсидцин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста, ба устод салом доданд. Дарс cap шуд. Муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи таҷрид»-и Мавлоно Алии Қушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон голиб мебаромаданд.

Чӣ бояд кард? «Илоҷи воқеа  пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд, - андеша мекард, роҳ меҷуст устод.

-Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кӯи бекорӣ андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рӯз мутолиа кунам ва ба дарсгӯии шогирдон нагзтар тайёр шавам.

Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармӣ  шогирдонро ба мӯқлати 40 рӯз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машғул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.

Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40 рӯз ба навбат дарс гуфтанд

ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Ҷоҷармӣ ҳам дар ин мудцат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барой шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард.

Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад.

Ниҳоят рӯзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз даре мегӯяд. Онҳо ба даре ҳозир шуданд.

Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб cap кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт:

Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо даре гӯям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеҷ кас қудрати даре додан надорад, ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам.

Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.

Баъд аз ин ҳодиса Абдурраҳмони Ҷомӣ дар синни 23- солагиаш ба Самарканд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди Қозизодаи Румй аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш даре мехонад, балки ба корхои илмии Қозизода ёрй мерасонад.

Ҷомӣ дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ еуханро дароз намекард. Суханҳояш мӯчаз ва бамаънй буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гӯш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад.

Абдурраҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба Ҳирот меояд. У аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушомадгӯй надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомй бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Кошгарй (ваф.1456) шиноеой пайдо карда, ин фирқаро кабул мекунад.

Пас аз марги устоди рӯҳонии худ- Саъдиддини Кошгарй

Ҷомӣ роҳбари маслаки  нақшбандияи Хуросон мешавад. Ӯ  муридони зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомӯзонд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт.

Сафарҳои Ҷомӣ. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти худ 7 бор ба сафар  баромада, шаҳрҳои Самарканду Тошканд, Фаробу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тӯлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август огоз ёфт. Ў шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домғон, Қазвин, Ҳамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохӯрд, сӯҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот гузашт. У ба эҷод кардани асарҳои илмиву адабӣ батамом машғул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронид. Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот роҳбарй карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод.

Ҷомӣ дӯстони бисёр  дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд  меорост, сӯҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомй Алишери Навой буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонй, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасад.

Абдурраҳмони Ҷомӣ оилаи  хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлӣ ва хурдсолӣ вафот кардаанд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру галаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣашки гаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. У дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст:

Рехтӣ хуни дил  аз дидаи гирёни падар,

Раҳм бар ҷони падар н-омадат, эӣ ҷони падар. Наибаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,

Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.

Абдурраҳмони Ҷомӣ 9-уми  ноябри соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардаас I. Ҳангоми вафоти Ҷомй қариб аксарияти мардуми гирду атрофи Ҳирот либоси мотам пӯшидаанд. Ба миқдори 1000 байт дар вафоти Ҷомӣ аз тарафи шоирон марсияҳо ва қитъаҳои таърихй эҷод шуд. Чунончи, Мавлоно Комӣ дар вафоти Ҷомӣ бо як сӯзу гудоз марсияе эҷод кард, ки дар он мавқеи ҷамъиятӣ, хислатҳои гуманистии адиб хеле равшану возеҳ инъикос ёфтаанд. Ана, чанд байт аз он марсия:

Равнақи илму амал рафт, дар аъёни1 ҷаҳон,

Зебу зинат  ба ҷуз аз ҷуббаву дастор2 намонд.

Монд аз он сарвари аҳли сухан осор басе,

Дар ҷаҳон гарчи зи аҳли сухан осор намонд.

Рӯ ба девори лаҳад  монд касе, к-ӯ ҳама умр,

Баҳри роҳат нафасе пушт ба девор намонд.

Ҳаргиз озурда нашуд аз суханаш хотири кас,

Дар дил аз ӯй ба ҷуз ҳасрати дидор намонд.

Рафт, эй дил, зи ҷаҳон  мӯнису гамхори ҳама,

Гами худ хӯр, ки дигар мӯнису гамхор намонд.

Оромгоҳи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Ҳироти Ҷумҳурии исломии  Афгонистон бо номи Тахти Мазор ёд мешавад, ки ҳазорон одамони ҷаҳон  зиёраташ мекунанд. Шоҳи мутаассиб, ҷоҳилу бехирад Исмоили Сафавй пас аз 18 соли вафоти шоир қабри Ҷомиро оташ зад, вале ба мақсад нарасид, зеро оромгоҳи шоири бузург кошонаи дили халқҳои ҷаҳон аст.

Мероси адабӣ. Абдурраҳмони Ҷомӣ умри дарози пурбаракате дидааст, вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. У қариб 50 соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмй ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ микдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ Камолидцини Биноӣ чунин мегӯяд:

Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,

Он мунаввар ба нури субҳонӣ.

Буд аз чил зиёд таснифаш,

Рӯ дар эъҷоз  карда таълифаш.

Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода шавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асарҳое, дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: ҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносй, тафсир, ҳадис, [ққ, ахлоқ, мусиқй ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, ірқои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқй иншо шудаанд, мату арзиши зиёд доранд. Асари тарҷумаҳолии ӯ [афаҳотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан ълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги рҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷомӣ р бораи қоидаву қонуни забони арабй ва услуби таълими он ікру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар драсаву мактабҳои Афғонистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон Эрон асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани Зони арабй истифода мешавад.

Вале бояд эътироф кард, ки Абдурраҳмони Ҷомй дар ьрихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур г. Ҳанӯз дар ҳамон замон шӯҳрат ва эътибори Ҷомӣ ҳамчун >ир ба кишварҳои гуногун паҳн шуда буд. Ба ин нукта худи )мӣ ишорат карда мегӯяд:

Агар ба Форс равад корвопи ашъорам,

Равопи Саъдиву  Ҳофиз кунандаш истиқбол.

В-агар ба Ҳинд расад, Хусраву Ҳасан гӯянд:

Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»3

Аз Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавй), •аҳорисгон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омада расидааст, ки ҳар доми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетикй бошанд. Абдурраҳмони Ҷомй фаъолияти адабии худро аз рудани ашъори лирикӣ - ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайра р кардааст ва то охири умр онҳоро давом додааст. Дар одиёти шоир газал мавқеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони вал- «Фотиҳатушшубоб» 1016 газал, дар девони дуюм- •оситатуликд» 493 ва дар девони сеюм- «Хотиматулҳаёт» 296 зал омадааст, ки микдори умумии онҳо 1805 ғазалро ташкил :дихал. Е ба таози лигап гӮем. агап абёти се левон 16 хазопу ки он 78 фоизи ашъорро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегўяд:

Ҳаст девони шеъри ман аксар,

Ғазали оишқони  шайдоӣ,

Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам,

Мунбаъис аз шуури доной.

Зикри дунон наёбй андар вай,

К-он бувад нақди умрфарсой.

Қасида дар девонҳои шоир ҷои дувумро мегирад, ки микдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то 15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафй, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва гайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Луҷҷатуласрор», «Ҷилоуррух» ва «Рашҳи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзӯъҳои боло суруда туда, кимату арзиши зиёде доранд. Чунончи, шоир дар касидаи «Луҷҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқй диқка і дода, таъкид менамояд, ки чавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷа вонон хам ба мисли дарахтони навбар ё навниҳол нозук мешлнанд. Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбият ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ чун ба камол мерасанд, корҳои пек ва судбахш хоҳанд намуд:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал х< >\" амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз дари мни навбар arm.

Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъкид мекунад, ки агар шахе соҳиби донишу камолот бошад, ҳеҷ i *v\ гадо нест, ӯ шоҳ аст :

Гар надорад симу зар доно. ичнеҳ номаш гадо,

Дар бараш дил баҳри дониш, Ў шаҳи баҳру бар аст.

Дар эҷодиёти Ҷомй рубои, і<нгьа, тарҷеъбаид, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешана г ки онҳо аз лиҳози маънй ва санъати суханварй дар пояи баланд меистаіід. Ҷомӣ дар рубоиёт

меҳнатдӯст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои  худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун ҳезум аст:

Ҳар писар, к-ӯ  аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар, Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст. Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,

Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

Мазмун ва мундариҷаи идеявии ғазалиёти шоир. Дар

эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ, чунонки қаблан арз кардем, газал  мавқеи асосӣ дорад.

Ҷомӣ дар сурудани ғазал  ба шоирони бузурги гузашта - Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолиддини  Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ  пайравӣ намудааст:

Ин назми туст, Ҷомӣ, ё тоза дастаи гул,

К-аз «Бӯстон»-и  Саъдӣ табъи Камол баста.

Им пайравӣ дар мазмуну мундариҷа ва шаклу композитсияи он мушоҳида мешавад. Ғазалҳои Ҷомӣ асосан аз 7 байт иборатанд. Мавзӯи газалиёти шоир танқиди замону аҳли ҷоҳ, беадолатӣ, орзую умеди халқ ва гайраро дар бар мегиранд. Масалан, дар газали поён ба аҳли ҷоҳу сарват, яъне шоҳону ҳокимони вақт хитоб карда мегӯяд, ки шумо дили осуда, зиндагии пурнишот ва айшу нӯши шоҳона доред, магар аз ҳоли мазлумон, бечорагон воқифед?

Информация о работе Абдурраҳмони Ҷомӣ