Абдурраҳмони Ҷомӣ

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 30 Января 2013 в 09:54, биография

Краткое описание

Ҷомӣ олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст.
Ӯ адабиёти зиёда аз 500- солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст. Ҷомӣ ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикзабонон аст.
Тарҷумаи ҳол. Номи асосии ӯ Абдурраҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11- сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдурраҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд.

Прикрепленные файлы: 1 файл