Абу Абдуллох Рудаки

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 15 Ноября 2013 в 23:06, лекция

Краткое описание

Нури љањонгири илму адабиёт, вуљуди пур аз ганљу хирад ва фазлу њикмат, алломаи Шарк, устоди шоирон, асосгузори адабиёти классики тољику форс Абуабдулло Љаъфари ибни Муњаммад ибни Њаким ибни Абдурањмон ибни Одам соли 858 дар яке аз дењањои хушманзари водии Зарафшон, яъне Панљруд, ки марказ њисоб меёфт, чашм ба олами њастї кушодааст.Падараш Муњаммад буд ва модари хушбахт номи тифлро Љаъфар гузошт. Абуабдулло номи эњтиромии ўст, ки чунин номи бузург танњо ба ашхосе дода мешуд, ки олим, шоир, боэњтиром ва фардњои бообрў буданд.

Прикрепленные файлы: 1 файл

Абуабдулло Рудаки..pptx

— 579.57 Кб (Скачать документ)

ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДОНИШГОХИ ТЕХНОЛОГИИ ТОЧИКИСТОН

 

 

 

 

 

   Мачмўи корхои хонаги

 

 

 

Мавзуъ: “Абу Абдуллох Рудаки”

 

 

 

Њаёт ва осори устод  Рўдакї

Нури љањонгири илму адабиёт, вуљуди пур аз ганљу хирад ва фазлу њикмат, алломаи Шарк, устоди шоирон, асосгузори адабиёти классики тољику форс Абуабдулло Љаъфари ибни Муњаммад ибни Њаким ибни Абдурањмон ибни Одам  соли 858 дар яке аз   дењањои   хушманзари  водии Зарафшон, яъне Панљруд, ки марказ њисоб меёфт, чашм ба олами њастї кушодааст.Падараш  Муњаммад буд ва модари хушбахт номи тифлро Љаъфар гузошт. Абуабдулло номи эњтиромии ўст, ки чунин номи бузург танњо ба ашхосе дода мешуд, ки олим, шоир, боэњтиром ва фардњои бообрў  буданд.

Падари Чаъфар,ки худ аз ањли зиё буд, ба тарбияи Xаъфари хурдсол ањамияти беандоза зоњир менамуд. Ин буд, ки ў аз зодгоњи худ маълумоти муайяне гирифт. Xаъфар љавони илмдўст буд ва њамеша барои илму дониш, ганљу њикмат мубориза мебурд. Ў аз хурдсоли истеъдоди бузург зоњир намуд. Ў чунон закї ва тезфањм буд, ки дар 8-солагї Ќуръонро ба тамом њифз намуд ва ќироат бинмуд ва ба шеър гуфтан пардохт. Мардум ба вай иќбол намуд ва раѓбати у зиёд гашт. Xаъфар дар баробари аќли расо, зењни гиро ва хотираи тавоно, овози хуш ва савти дилкаш дошт. Навохтани ўду рўд, барбату чанг, танбуру найро машк карда дар мутрибї ва ромишгарї моњир мегардад. Чун ташнаи дониш буд, роњи Самарќандро пеш гирифт.

Дар мадрсоњои Самарќанд тањсил намуда, забони арабї, илми балоѓат ва луѓат, фалсафа, њикмат, таърих, фикњ, риёзиёт ва нуљумро ба дараљаи аъло аз худ карда будааст. Истеъдоди шоирии Рўдакї дар ин давра камол ёфт ва овозаи шеъри ў тамоми кишварро фаро гирифт. Аввал Рўдакї ба дарбори Насри-I Сомонї даъват шуд. Баъдтар бо ташаббуси Балъамї, ки вазир буд, ба пойтахт, яъне ба Бухоро омад. Рўдакў дар дарбори Исмоили Сомонї (892-907) ва Ахмад ибни Исмоил (907-914) низ хизмат карда аст.

Дар ањди Насри II нуфузи Рўдакї баланд мегардад. Насри II Рудакиро дўсти  наздики худ хонда, ба куљохое, ки мерафт: Нишопур, Марв, Сарахс, Њирот ва дигар љойњо Рўдакиро њамроњи худ мебурд. Барои шеъру ѓазали пурмазмуни ў сарлашкарону њокимон ва худи шоњ инъоми зиёд медоданд. Дар гуфтани шеър ба дараљае расида буд, ки касе ба ў баробар шуда наметавонист. Балъамї гуфтааст, ки дар Арабу Аљам мисли Рўдакї шоире нест.

    Боре Насри II ба Њирот рафт. Чун боду њавои форами онљо ба ў  писанд омад, ў онљо манзил намуд, Бухороро фаромўш намуд ва 4- сол онљо зист.

Њама муштоќи ёру диёр буданд, вале шоњ  баргаштан намехост. Рўдакї шеъре эљод карда, чунон васфи Бухоро намуд ва онро суруд,

         Бўи љўи Мўлиён ояд њаме,

Ёди ёри мењрубон ояд њаме…

Ки аз таъсири шеъри пурљозибаву дилкаш ва овози хуш ва нолаи љонбахш Наср мафтун гардид, ки мўзаро напўшида савораи асп шуд ва роњи Бухороро пеш гирифт. Рўдакї низ ба Бухоро баргашт. Обрўю эътибори Рўдакї рўз ба рўз афзун мегашт.Поёни умри ў дар Бухоро гузашт. Вале ба сари Рўдакї балои сахте омада аз ў ду гавњари ноёбро рабуд. Яъне  лашкариён молу мулки ўро ѓорат карда,ба чашмонаш мил кашиданд.

Шоири пиру нотавон,озору ранљдида ба дењаи худ баргашт,дар оѓўши ёру дўстон буд ва баъди 3-сол,яъне  соли 941 ин дунёро падруд гуфт.Имрўз оромгоњи  ў зиёратгоњи адаб гаштааст.

Рўдакї умри гарони худро бефоида нагузаронидааст. Аз хурдї оѓоз намуда њатто то вафот ба донишомўзї машѓул гардид. Ў худ рафта бошад њам, вале ба ояндагон дурру гавњари бебањое боќї гузоштааст, ки равшангари њаёти моянд. Ашъори Рўдакї бенињоят зиёд аст. Рашидии Самарќандї мегўяд:

Гар сарї ёбад ба олам кас ба некўшоирї,

Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарї.

Шеъри ўро баршумурдам, сездањ рањ садњазор,

Њай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарї.

Осори Рўдакиро ќасида, ѓазал,ќитъа, рубої, маснавї ташкил медињад.

Достони «Калила ва Димна» яке аз асарњои бузурги Рўдакї буда, шоир онро ба риштаи назм аз рўї тарљумаи Балъамї кашидааст. Он панду ахлоќї аст. Дар он тарѓиби одоби баланд, ахлоќи пок, одамгарї, дўстї, рафоќат, дониш тасвир шудааст.

Ѓайр аз ин «Синдбоднома» ва панљ маснавии дигар доштааст. Яке аз онњо «Даврони офтоб» мебошад, ки дар бораи њаракат ва хосиятњои табии офтоб бањс мекунад ва ин олим будани Рўдакиро исбод мекунад.

Ќасидаи «Модари май»-ро Рўдакї ба малики Хуросон Абуљаъфар Ањмад ибни Муњаммад бахшидааст.

 

Ќасидаи «Шикоят аз пирї» аз 34 байт иборат аст. Он шарњињолї буда шоир онро дар айёми пирї ва рўзњои сахти зиндагї навиштааст. Дар ин ќасида Рўдакї лањзањои муњимтарини њаёти худ, хусусан гардишњо ва баландпастињои онро ба ёд меорад. Он аз љињати устухонбандї ба панљ ќисмат људо мешавад.

Дар панду андарз ва њикматњои Рўдакї мазмунњои умумиинсонї, аз ќабили тарѓиби илму дониш, рањму шавќат, рафоќату дўстї ва кўшишу кор љои асосиро мегирад. Шоир бо ин роњ дар тарбия инсони комил ва парвардани ахлоќи хуб то имрўз њисса мегузорад. Рўдакї фарњангро бењтарин сарвати маънавии инсоният шумурда, аз он њар чї бештар бањра бародоштанро талќин мекунад:

Њељ ганље нест аз фарњанг бењ,

То тавонї рўй бар ин ганљ нењ.

Шоир ќаноат, сабр, бурдборї, тавозўъ, фурўтанї ва хоксориро бо роњи мањдуд гардонидани нафс, пешгирии орзую њавасњои бењуда ва худдорї аз бадию зиштї тарѓиб менамояд:

Гар бар нафси худ амирї, мардї,

Бар куру карар нукта нагирї, мардї.

Мардї набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирї, мардї!

Дар зиндагї њодисањои гуногун ба амал меоянд. Рўдаки барои њалли мушкилињо ва душворињо инсонро ба таљрибаомўзї даъват мекунад:

Бирав зи таљрибаи рўзгор бањра бигир,

Ки бањри дафъи њаводис туро ба кор ояд.

Ба аќидаи Рўдакї барои њар шахс ѓайр аз дониш омўхтан боз тани солим, рафтору кирдори нек, номи нек ва хирадбарин неъматњои илоњї лозиманд. Њар касе, ки соњиби ин 4 – неъмат бошад, бе ташвиш умр ба сар хоњад бурд:

Чањор чиз мар озодаро зи ѓам бихарад:

Тани дурусту хўи неку номи неку хирад.

Њар он ки эзидаш ин њар чањор рўзї кард,

Сазад, ки шод зияд љовидону ѓам нахварад.


Информация о работе Абу Абдуллох Рудаки