Автор работы: Пользователь скрыл имя, 18 Февраля 2014 в 04:25, реферат
Дар солҳои охир дар натиҷаи инкишофи босуръати илму техника ба масъалаҳои тарбияи экологии хонандагон ва аҳли ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Чунки ба инкишофи ҳаматарафаи кудак на танҳо муносибатҳои инсонӣ, балки муҳити зист низ таъсири калон мерасонад. Аз ин рӯ имрӯзҳо барои баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон дар мактабҳои маълумоти умумӣ фанни «Экология» омӯзонда мешавад. Мақсади он дар насли наврас тарбия намудани меёрҳои муайяни муносибатҳои оқилона ба табиат, парваридани ҳисси масъулият нисбати ба он ва сарфакорона истифода бурдани табиат мебошад.