Автор работы: Пользователь скрыл имя, 06 Мая 2013 в 16:46, реферат
Вазифаи биоэкология омухтани алокаи дутарафаи дар мачмуъхои организм- мухит, популятсия- мухит, чамоа- мухит, инчунин алокаи байни фардхо дар популятсия ва популятсия дар чамоа мебошад.
Геоэкология ( экологияи географи ё экологияи ландшафти ), шуъбаи экология ба конуниятхои экологи ба раванди географи марбут, ба экоситемахои сатхи баланди шачарави карда мешавад.
Предмет ва вазифаи фанни экология
Методхои экологияи имруза
Таърихи тараккиёти экология
Инкишофи устувор дар мачмуи глобалии
« Чамъият ва табиат»
Нигох доштани чамоахои табии.
Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон
Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик
Бобочон Гафуров
Мавзуъ: Холати экология
Ичрокунанда: Абдурахмонова Махбуба
донишчуи курси I-уми
гурухи 105 «а» факултети
физика ва техника
ихтисос: электроникаи тибби
Кабулкунанда: Чулиева.
Холати экология.
Накша:
« Чамъият ва табиат»
Предмет ва вазифаи фанни экология
Экология ( аз юнони Oikos- хона, бошишгох, чои зист, манзил, logos- таълимот ) илм дар бораи муносибатхои байни организмхои зинда ва мухити зист мебошад. Мафхуми «экология»-ро аввалин маротиба олими немис биолог Эрнест Геккел дар соли 1886 дар китоби « Морфологияи умумии организмхо» дохил карда буд.
Предмети асосии омузиши экология макроэкосистемахои биологи: популятсия, биосеноз, экосистема ва тагйирёбии онхо дар вохиди вакт ва фазо мебошад.
Экология хамчун фан аз кисми биология ба вучуд омад. Лекин дар давраи хозира экология васеъ гашта, ба як катор фанхои алохида чудо шуда рафт.
Экологияро ба биоэкология ва геоэкология таксим мекунанд.
Биоэкология – яке аз илмхои биологи, муносибатхои организмхо байни худ ва бо мухити зистро меомузонад. Предмети омузиши биоэкология сатхи ташкилии организми, популятсиони, намуди, биосенотики, биосфер ива таъсири хамдигарии онхо бо мухити зист мебошад.
Вазифаи биоэкология омухтани алокаи дутарафаи дар мачмуъхои организм- мухит, популятсия- мухит, чамоа- мухит, инчунин алокаи байни фардхо дар популятсия ва популятсия дар чамоа мебошад.
Геоэкология ( экологияи географи ё экологияи ландшафти ), шуъбаи экология ба конуниятхои экологи ба раванди географи марбут, ба экоситемахои сатхи баланди шачарави карда мешавад.
Предмети омузиши геоэкология экосистемахои бузург- биогеотсеноз, биосфера мебошад.
Дар таркиби геоэкология якчанд шуъбахо чудо карда мешавад. Муносибат бо типи ландшафтхо ба экологияи тундра, даштхо, биёбонхо ва дигар ландшафтхо чудо карда мешавад.
Экологияи амали принсипхои истифодаи окилонаи сарватхои таби ива нигох доштани мухити хаётро меомузад.
Методхои экологияи имруза.
Экологияи хозира методхои гуногуни тадкикотхоро дорост. Асосаш инхо мебошад:
Методи мушохида дар чамъовари ва тасвири далелхо ба хисоб меравад;
Методи мукоисави ба монанд ва фаркияти объектхои омузиш асос меёбад;
Методи таърихи рафти тараккиёти объектро меомузад;
Методи тачриба имконият медихад, ки ходисахои табиатро дар шароити додашуда омузад;
Методи моделони имконият медихад, ки ходисаи нисбатан мураккаби табииро бо моделхои нисбатан содда тасвир намояд;
Таърихи тараккиёти экология
Таърихи тараккиёти экологияро шартан ба се давра таксим кардан мумкин аст:
Дар давраи хозира дастовардхои экология асоси амали барои кор карда баромадани стратегияи муносибатхои хамдигарии инсоният бо табиат, истифодабарии окилона ва хифзи табиат мебошад.
Дар давраи хозираи тараккиёти экологи дар чахон бо номхои олимони бузурги чахон ба монанди: Ю. Одум, М. Андерсен, Э. Пиака, Р. Риклефс, М. Бигон, Дж. Харпер, Т. Миллер, Б. Небел, А.В. Яблокова, А. Л. Яншина ва дигарон алокаманд.
Асоси бехбудии инсоният дар оянда – нигох доштани гуногуншаклии биологи аст. Устувори ва вазифанокии биосферахо бо мавчудияти гуногуншаклии чамоахо таъмин карда мешавад.
Дар давраи хозира барои нигох доштани гуногуншаклии биологи лозим аст: хифзи пурраи ландшафтхо хамчун комплекси экосистема; кисман хифз намудани объектхои табии хангоми нигох доштани тархи умумии ландшафт; бунёд ва нигох доштани ландшафтхои оптималии антропогени.
Ду шакли хифзи ландшафтхо бо марзхои мамнунъгохи ва богхои милли маълум аст.
Мамнунъгох шакли олии хифзи ландшафтхои табии аст. Китъаи хушки ва фазои обие, ки дар асоси тартиботи муайян гардида ва истифодаи хочагии кадоме набошад хифз намудан аст. дар мамнунъгоххо хамаи марзхои бап он дахлдор хифз карда мешавад. Дар Точикистон 4 мамнунъгоххои давлати амал мекунад: Ромит, Бешаи палангон, Дашти Чум ва Зоркул.
Боги милли – ин китъаи марзхое, ки барои нигох доштани табиат бо максадхои эстетики, солимгардони, илми, маъдани ва маърифати чудо карда мешавад. Дар бисёр давлатхо богхои милли шакли асосии хифзи ландшафтхо ба хисоб меравад. Дар Точикистон боги миллии точик дар маркази Бадахшон ва помир дар масохати 2,5 млн га ташкил карда шудааст.
Парваришгох – ин китъаи марзе, ки дар якчанд сол доимо ё дар муайяни мависими ва хамасола алохидаин ё он намудхои растани ва хайвонот ё кисми комплекси табии хифз карда мешавад.
Ёдгорихои табии – ин объекти алохидаи табиат; ахамияти илми, таърихи ва эстетикию маърифати дорад: масалан, дарахтони алохидаи бисёрсола ва дигархо.